Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Компютер бигӯ, қарз медиҳӣ ё не?" Зеҳни сунъии офаридаи ҷавонони тоҷик ба кор даромад. ВИДЕО


Азизҷон Азимӣ
Азизҷон Азимӣ

Азизҷон Азимӣ, донишҷӯйи ду донишгоҳи маъруфи Амрико Стенфорд ва Ҳарвард, дар Тоҷикистон Академияи зеҳни сунъии “Тajrupt.ai”-ро таъсис додааст ва ҳадаф дорад кишварро ба як маркази зеҳни сунъӣ дар минтақаи Осиёи Миёна табдил диҳад.

Бисёриҳо дар оғоз ба ин тарҳи пуриддаои ҷавони тоҷик бо шубҳа менигаристанд. Аммо маркази таъсисдодаи Азимӣ барномаи нахустини худро офаридааст, ки як бонк дар Тоҷикистон бо истифода аз он ба муштариён қарз медиҳад.

Барномаи скоринг барои таҳлили микроқарзҳо, ки онро дар асоси зеҳни сунъӣ сохтаем, дар се бонки кишвар ҷорӣ гардида истодааст
Азизҷон Азимӣ

“Спитаменбонк” истифодабарандаи аввалини барномаи компютерии скоринг ё зеҳни сунъӣ аст, ки мустақилона пардохтпазирии муштариёнро арзёбӣ ва муайян мекунад, ки оё қарз дода шавад ё не.

Шодихон Саидов, сардори раёсати қарздиҳии “Спитаменбонк”, мегӯяд, барномаи худкор ба фарқ аз инсон зуд кор мекунад ва бар асоси посухи муштариён дар 10 дақиқа метавонад, дархости муштариро баррасӣ карда, дар бораи додан ва ё радди қарз қарор барорад.

Ба гуфтаи Саидов, барнома чанд суолеро дарбар мегирад, ки барои мушаххас кардани вазъи молии қарзгирандаи начандон бузург зарур аст: “Феълан, аз тариқи ин барнома қарзҳои то 10 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Бо гирифтани посухҳо ба саволҳои зикршуда, дар даҳ дақиқа тасмими додан ё рад кардани қарз гирифта мешавад.”

Академияи зеҳни сунъӣ як ниҳоди вобаста ба созмони ҷамъиятии “Tajrupt” аст. Муассиси академия муҳассили Донишгоҳи Стенфорди Амрико аст ва мехоҳад, дар Тоҷикистон бахши барномасозиро тавсеа бахшад.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Нахустин барномаи офаридаи Академияи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Азизҷон Азимӣ, муассиси Академияи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, фаъолияти “Tajrupt” бо кумаки молии бебозгашти 145 ҳазории як созмони амрикоӣ моҳи ноябри соли 2019 шуд. “Ҳоло тақрибан 150 ҷавони лаёқатманд дар Академияи мо таҳсил мекунанд. Феълан, тақрибан чаҳор миллион сомонӣ грант гирифтаем. Барномаи скоринг барои таҳлили микроқарзҳо, ки онро дар асоси зеҳни сунъӣ сохтаем, дар се бонки кишвар ҷорӣ гардида истодааст”, -- иброз дошт ӯ.

Таҳияи барномаҳои зеҳни сунъӣ танҳо самти фаъолияти созмони ҷамъиятии “Tajrupt” нест. Азимӣ ва ҳамроҳонаш дар ин марказ довталабонро барои шомил шудан ба донишгоҳҳои маъруфи олам ва гирифтани бурсияҳои таҳсил омода мекунанд.

Тӯли фаъолияти созмон 30 ҷавони тоҷик ба донишгоҳҳои маъруфи 12 кишвари ҷаҳон шомил шудаанд. Ин донишҷӯён барои таҳсили худ дар ин донишгоҳҳо баробар ба 1,5 миллион доллар бурсияи таҳсил гирифтаанд. Абдулаҳад Бердиев, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, шавқи барномасозии зеҳни сунъӣ ӯро ба ин академия овард. Ҳарчанд таҳсил дар академия ройгон нест, ӯ бовар дорад, ки дар ниҳоят харҷҳояш судовар хоҳанд буд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, мудири Фонди ҷамъиятии ташаббуси ҷамъиятии сиёсати интернет, таъсис ва фаъолияти “Тajrupt.ai”-ро барои Тоҷикистон муассир арзёбӣ мекунад. Ба бовари ӯ, барои фаъолияти ин академия маблағи зиёде ҷалб нашудааст ва ин амр имкон медиҳад, ки шахсони тасодуфӣ вориди он нашаванд.

Ибодуллоев, мегӯяд, “агар дар ин созмон пули калон бошад, дар он шахсони дур аз соҳа ҷамъ мешаванд. Дар ин сурат худи ташаббуси хуб умри дароз намебинад. Ин ки ин барномасозони ҷавон бо пули кам кори худро пеш мебаранд, нишони ояндадор будани ҳадафҳояшон мебошад. Тими “Тajrupt.ai” ҷавон аст ва дар ҳадафҳои худ қадамҳои устувор мегузоранд. Мутмаинам, дар ояндаи наздик мо шоҳиди дастовардҳои бузурги ин тим мешавем”.

Азизҷон Азимӣ, роҳбари академияи “Тajrupt.ai”, ҳадаф гузоштааст, Тоҷикистонро ба “ҳаб” ё маркази рушди зеҳни сунъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил диҳад. Вай умед дорад, ки мақомот мушкили суръати сусти интернет дар Тоҷикистонро ҳал мекунанд, то кишвар тавонад ба махзани бузурги шабакаҳои иҷтимоӣ ва тиҷоратие ба мисли “Facebook”, “Google” ва “Amazon” табдил ёбад.

XS
SM
MD
LG