Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеҳни сунъӣ ҷойи ҳуши одамонро мегирад? ВИДЕО


Як ширкат барномае таҳия кардааст, ки мисли инсон матн менависад. Масалан, агар ба ин барнома супориш диҳед, ки дар бораи Тоҷикистон бароятон иншо нависад, фавран ин корро иҷро мекунад. Аммо оё матни навишта аз тариқи ин барнома аз он чизе, ки як одам менависад, чӣ фарқ дорад?

Анни Чечителли масъули баландпояи хадамоти Turnitin аст, ки ба 140 кишвар кумаки академӣ мерасонад. Нармафзори зидди нусхабардорӣ ё плагиати Turnitin асли навиштаи донишҷӯйро бо ҷустуҷӯйи матни монанд дар Интернет тафтиш мекунад.

Вақте зеҳни сунъӣ матн ва ё иншо менависад, ташхиси он бисёр душвор аст. Анни Чечителли мегӯяд, «дар инҷо сарчашма вуҷуд надорад, то бар пояи он гӯем, ки матн аз фалон ҷо бардошта шудааст.»

Аммо ҳадди ақал як шаҳодати навиштаи зеҳни сунъӣ имконпазир аст. Ба қавли Эрик Ванг, ноиб-президенти Turnitin, “зеҳни сунъӣ дар шакли бисёр одӣ баёни фикр мекунад. Одамон одат доранд. Ҳамаи мо ин ва ё он одатро дорем. Мо метавонем ҷиҳози ташхискунанда бисозем ва бар асоси он муайян кунем, ки матн пурра бо лаҳни одӣ, яъне зеҳни сунъӣ таҳия шудааст.»

Детектор ва ё ҷиҳози ташхиси Chat GPT-и хадамоти Turnitin имсол дар хидмати муштариён қарор мегирад. Дар ҳамин ҳол, чандин ширкат, аз ҷумла Гугл ва Байду, василаҳои баёни зеҳни сунъии худро муаррифӣ кардаанд.

Эрик Ванг гуфт, «ҳар яке аз ин намунаҳои забонӣ имзову омори каме фарқкунанда дорад ва тарзи навишташ як нест. Барои мо ташхиси ин намунаҳо чолиш хоҳад буд.»

Зеҳни сунъии OpenAI, ки аз ихтироъкорони Chat GPT аст, роҳҳои ташхиси дақиқи матнҳоро таҳқиқ мекунад. То замоне ки пажуҳиши онҳо самаре наовардааст, зеҳни сунъӣ пешдастӣ дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Ҳуши сунъӣ ҷойи ҳуши инсонро мегирад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG