Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 касро дар Тошканд ба "сармоягузории терроризм" муттаҳам карданд


Додгоҳи ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканди Узбекистон 8 касро ба гумони "хабар надодан дар бораи амалҳои террористӣ" ва "маблағгузории терроризм" ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Дар Раёсати пулиси Тошканд ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ин афрод рӯзи 3-юми июн ба муҳлати 10 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ба маълумоти дарёфтӣ, гумонбарон соҳибони саҳифаҳои "Mahdiy Mirzayev", "Otabek Hijama Hajjam", "Баходир Хижомачи", "Брамер Мэн" дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чаҳор сокини Андиҷон мебошанд.

Бештари боздоштшудаҳо худро бегуноҳ медонанд. Танҳо яке аз онҳо иттиҳомро қисман пазируфтааст.

Ба гуфтаи наздикон, пайвандони боздоштшудаҳоро маъмурони пулис 20-21-уми майи имсол дастгир ва ба гумони "майдаавбошӣ" 15-шабонарӯзӣ ҳабс карда буданд.

Дар додгоҳи Миробод гуфтанд, парвандаи 8 нафар барои он пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад, ки эҳтимол онҳо шарикони дигар низ доранд ва мақомот дар бораи онҳо то ҳол хабар надоранд.

Яке аз боздоштшудаҳо Ҷамшед Мирзоев аст, ки бо навиштаҳои худ дар мавзуъҳои динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG