Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари Назарбоевро дар Қазоқистон мебанданд


Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон

Муовини сарвазир ва вазири молияи Қазоқистон Ерулан Жамаубоев гуфт, дафтари президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоев дар моҳҳои наздик фаъолияти худро бас мекунад.

"Таҷдиди сохтори идора аллакай ҷараён дорад. Дар ояндаи наздик ба шумо хоҳам гуфт, ки чӣ тасмим гирифта мешавад. Аммо ин идора дигар вуҷуд нахоҳад дошт", - иқтибос овардааст хабаргузории "Интерфакс" аз суханони Жамаубоев.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони дафтари Назарбоев ба корхонаҳои дигар гузаронида мешаванд ё ихтисор хоҳанд шуд.

Фаъолияти дафтари Назарбоевро қонун "Дар бораи президенти нахустин - Элбасӣ" танзим мекард, ки дар ибтидои имсол бекор карда шуд. Дафтар аз ҳисоби буҷаи кишвар маблағгузорӣ мешуд.

Ба гузориши хабаргузории КазТАГ, дар буҷаи давлати Қазоқистон барои дафтари Назарбоев 1,6 миллиард танга (ҳудуди 3 миллион доллар) дар соли 2023, 1,9 миллиард танга (4,2 миллион доллар) дар соли 2024 ва 2,1 миллиард танга (4,6 миллион доллар) дар соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Ҳар ду палатаи порлумони Қазоқистон 13-уми январи имсол дар ҷаласаи якҷоя қонуни конститутсионии ин кишвар "Дар бораи президенти нахустин – элбасӣ"-ро беэътибор донистанд.

Бо қабули ин қонун Назарбоев ва хонаводаи ӯ аз ҳамаи имтиёзҳои гуногуни давлатӣ маҳрум шуданд.

Қазоқистон соли 2010 қонун дар бораи раисҷумҳури нахустинашро қабул кард, ки бар асоси он ба Назарбоев унвони “Элбасӣ” – “Пешвои миллат” дода шуд ва ин қонун ҳамчунин дахлнопазирии Назарбоевро кафолат медод.​

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG