Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Вагнер” навори бозпурсии як узви артиши Русияро нашр кард


Зархаридони "Вагнер"
Зархаридони "Вагнер"

Ширкати низомии “Вагнер” дар саҳифааш дар Телеграм навори бозпурсии як узви артиши Русияро гузошт, ки худро “фармондеҳ Роман Веневитин" муаррифӣ кардааст.

Ба назар мерасад, ӯро ҷангҷӯёни “Вагнер” пас аз задухӯрд дар шарқи Украина асир гирифтаанд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки рӯзи 17-уми май миёни ҷангҷӯёни ширкати “Вагнер” ва сарбозони артиши Русия дар деҳае дар наздикии Бахмут тирандозӣ сурат гирифт.

Дар навори бозпурсӣ ҳам ҷангҷӯёни “Вагнер” аз низомии рус дар ҳамин бора пурсидаанд.

Веневитин дар навори бозпурсӣ иқрор кардааст, ки фармони бесилоҳ кардани ҷангҷӯёни “Вагнер”-ро ӯ дод ва ин корро ба хусуматҳои шахсӣ рабт дод.

Таҳлилгарон пештар ҳам аз ҷангу ихтилоф дар дохили нерӯҳои Русия хабар дода буданд.

Евгений Пригожин, мудири ширкати хусусии низомии “Вагнер” ва яке аз сарватмандони наздик ба раиси ҷумҳури Русия, дар чанд муроҷиати видеоии худ вазири дифоъ ва сардори Ситоди кулро сахт танқид карда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG