Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба Олмон пешниҳод карда, ки ҳаҷми интиқоли нафтро аз 200 ҳазор тонна дар як сол то ба 1,2 миллион тонна расонад. Вай аз ин тариқ хостааст, нафти Русия, ки зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дорад, иваз карда шавад.
Ин пешниҳоди Тоқаев дар ҷаласаи раҳбарони "Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо" дар Қирғизистон ироа шудааст.
Қазоқистон дар панҷ моҳи имсол ба корхонаи "Шведт"-и Олмон, ки қабл аз ҷанг ба "Роснефт" тааллуқ дошт, 90 000 тонна нафт фиристодааст.
Остона бо ин суръат то охири сол метавонад ба Олмон 200 ҳазор тонна нафт диҳад. Аммо ба гуфтаи Тоқаев, кишвараш омода аст, ки интиқолро камаш 6 маротиба афзоиш диҳад.
"Имкони то 1 миллиону 200 ҳазор тонна расондани ин рақам ва афзоиши он дар оянда вуҷуд дорад", - гуфтааст ӯ.
Қазоқистон дар умум интиқоли нафтро ба Иттиҳоди Аврупоро дар соли 2023 афзоиш дод. Тибқи маълумоти Бюрои омори миллии Қазоқистон, ин кишвар дар семоҳаи аввали имсол 71%-и нафтро ба Иттиҳоди Аврупо содир кардааст. Дар ҳоле ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 65% буд.
Гуфтугӯ