Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, субҳи 1-уми июн гуфт, дар натиҷаи оташборони шаби гузашта дар пойтахти Украина се нафар, аз ҷумла ду кӯдак, ба ҳалокат расид.
Ба қавли низомиёни украинӣ, Русия бо мушакҳои “Искандар” инфрасохтори Киевро ҳадаф қарор дод.
Онҳо афзуданд, ки тибқи тафтиши пешакӣ даҳ мушаки партобшударо низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ безарар гардонд.
Маъмурияти Киев мегӯяд, ин 18-умин ҳамла дар як моҳи гузашта аст.
Шаҳрдори Киев дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки 9 нафар барои муолиҷа ба шифохона интиқол ёфта, хадамоти оташнишонӣ сӯхтореро, ки бар асари пораҳои афтидаи мушакҳо аланга гирифт, хомӯш кард.
Рӯзи 31-уми май Амрико эълон кард, ки ба Украина ёриҳои нави низомӣ ва боз пойгоҳҳои зиддиҳавоии "ПЕТРИОТ" ва дигар муҳиммоти дифоӣ мефиристад.
Сухангӯйи Шӯрои Амнияти Қасри Сафед Ҷон Кирби иброз дошт, ки ин бахши ёриҳои низомӣ ба 300 миллион доллар баробар аст.
Гуфтугӯ