Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адахон Мадумаровро мехоҳанд, ба ҷавобгарӣ кашанд


Адахон Мадумаров
Адахон Мадумаров

Адахон Мадумаров, вакили порлумон ва раиси ҷиноҳи "Бутун Қирғизистон", дархости Додситонии кулли кишварашро барои ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ шарҳ дод.

Мадумаров гуфт, тасмими додситонӣ қатъиян "ангезаи сиёсӣ" дорад. Вакил афзуд, дар бораи тасмими додситонӣ дар ҷаласаи порлумон хабар ёфтааст.

"Онҳо мегӯянд: борҳо ба Мадумаров пешниҳод шуд, ки дар ҳукумат бошад, вале рад кард. Пас, чи гуна ман метавонистаам қудратро ғасб кунам? Маро даъват мекунанд, ман рад мекунам ва ба ин тартиб аз зӯр истифода мекунам? Маро ба суистифода аз қудрат муттаҳам мекунанд. Посух диҳед, чи гуна қудрат дорам, ки онро суистифода кардаам", - гуфт Мадумаров дар як нишасти хабарӣ.

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 31-уми май аз порлумони он кишвар дархост кардааст, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардани Адахон Мадумаров розигӣ диҳад.

Мадумаровро ба омодагӣ ба бетартибиҳои оммавӣ, ғасби ҳокимият ва суистифода аз қудрат гумонбар мекунанд.

Порлумон барои баррасии дархости додситонӣ кумисюни вижае таъсис додааст. Кумисюн вазифадор шудааст, ки барои посух додан ба дархост хулоса таҳия кунад.

То ин замон Мадумаров 7 дафъа дар Додситонии кулли Қирғизистон бозпурсӣ шудааст. Ӯро барои протоколи соли 2009 бозпурсӣ карданд. Ин протокол ба ҷониби Тоҷикистон ба иҷора додани 5 га заминро барои таъмири роҳи Уш-Бодканд-Исфанаи Қирғизистон дар назар дорад. Мадумаров он замон котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG