Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон вакили мухолифро ҷазо доданӣ ҳастанд


Адахон Мадумаров
Адахон Мадумаров

Додситони кулли Қирғизистон Қурманқул Зулушев аз порлумони ин кишвар дархост кардааст, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани вакил Адахон Мадумаров иҷозат диҳад.

Раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев 31-уми май дар ҷаласаи порлумонӣ дар ин бора хабар дод, вале аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ кард.

Вай танҳо гуфт, дар порлумон бояд барои баррасии ин дархост дар давоми 48 соати оянда комиссия ташкил карда шавад.

Дар ҷаласаи раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Бутун Киргизстан" Адахон Мадумаров низ иштирок дошт ва аз Нурланбек Шакиев хост, сабабҳои дархости додситонро ба вакилон шарҳ диҳад.

"Метавонед, ба вакилон фаҳмонед, ки дархост дар доираи кадом парванда аст ё ин махфӣ мебошад? Ин хабар барои ман ғайричашмдошт буд. Маро ба чӣ муттаҳам мекарда бошанд? Барои он ки нафас мекашам ва зиёд ҳарф мезанам?", - пурсид Мадумаров аз раиси порлумони Қирғизистон.

Шакиев дар посух гуфт, ки Додситонии кулли Қирғизистон Мадумаровро ба ҷиноятҳое муттаҳам мекунад, ки дар бандҳои "Бетартибии оммавӣ", "Ғасби қудрат" ва "Баромадан аз ҳадди ваколат" дарҷ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG