Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон "Шаҳри ҳушманд" месозанд


Нақшаи шаҳри Осмон
Нақшаи шаҳри Осмон

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) рӯзи 30-юми май дар маросими кушодашавии боғе дар Чолпон-Ота хабар дод, ки бунёди шаҳри Осмони ин кишвар 30-юми июни имсол шуруъ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Ҷабборов, барои бунёди ин шаҳр аз буҷаи давлати Қирғизистон "ягон дирам" ҷудо намешавад ва он пурра бо сармояҳои хориҷӣ сохта хоҳад шуд.

"Баррасии тарҳ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо якуним сол тӯл кашид. Тарҳи шаҳри нави Осмон омодааст. Бунёди он 30-юми июни имсол оғоз мешавад. Он дар масоҳати 4 ҳазор ҳектар барои аз 500 то 700 ҳазор одам бунёд хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Идеяи бунёди шаҳри Осмонро дар соҳили Иссиқкӯл маъмурияти президенти Қирғизистон моҳи июли соли 2021 пешниҳод кард.

Девони вазирони он кишвар моҳи октябри ҳамон сол таъсиси Сарраёсати давлатии сохтмони "Осмон"-ро эълон карда, гуфт, ки лоиҳа аз ҳисоби пулҳои ғайрибуҷетӣ, ки қонун иҷозат додааст, маблағгузорӣ мешавад.

Намояндагони Вазорати замин, зербиноӣ ва нақлиёти Куриёи Ҷанубӣ охирҳои соли гузашта барои баррасии тарҳи бунёди шаҳри нави ҳушманд дар Иссиқкӯл вориди Қирғизистон шуда буданд.

Ба огаҳии Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон, лоиҳа дар доираи барномаи шабакаи "K-City" барои рушди лоиҳаҳои шаҳри ҳушманд тавассути ҳамкориҳои ҷаҳонӣ дар асоси грант амалӣ карда мешавад.

Ба гуфтаи Қанот Абдураҳмонов, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон, лоиҳаи "Шаҳри ҳушманд" ба беҳтар шудани сифати зиндагии аҳолӣ ва афзоиши сайёҳон дар кишвар мусоидат хоҳад кард".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG