Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Узбекистон мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳонро тарк кард


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Узбекистон мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон (U-20)-ро, ки дар Аргентина идома дорад, тарк кард.

Футболбозони узбекистонӣ 30-юми май дар бозӣ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Исроил дар майдони "Малвинас Аргентинас" дар даври 1/8 бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд.

Ягона голро дар ин вохӯрӣ Анан Халаили 18-сола дар дақиқаи ҳафтуми иловагӣ ба нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Интизор меравад, футболбозони исроилӣ бо ғолиби вохӯрие, ки 3-юми июн миёни дастаҳои Тунис ва Бразилия баргузор мешавад, дар даври чаҳорякниҳоӣ рақобат кунанд.

Ин мусобиқот то 11-уми июн идома мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG