Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд як ҷавони 21-сола дар шуъбаи пулис ҷон додааст


Додситонии кулли Узбекистон сабабҳои марги ҷавони 21-солаеро, ки 22-юми майи имсол боздошт ва ба шуъбаи пулиси ноҳияи Чилонзори вилояти Сурхандарё интиқол дода шуда буд, тафтиш мекунад.

Сухангӯи додситонӣ Ҳаёт Шамсуддинов 29-уми май дар як нишасти хабарӣ гуфт, маъмурони пулиси Чилонзор субҳи 22-юми май сокини маҳаллӣ Х.Т.-ро ба гумони "нигаҳдории 53,52 грам бангдона" боздошт ва ба шуъба бурда, ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Узбекистон, ҷавони гумонбар гуё "бо иҷозати маъмурон ба ҳоҷатхона рафта, худро аз тирезаи ҳоҷатхона, ки дар чорум ошёна қарор дорад, ба замин партофтааст". Дар натиҷа ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷумла сараш осеб дидааст.

Ҷавон 29-уми май дар беморхона ба ҳуш наомада ҷон додааст.

Хабаргузории "Kun.uz" ному насаби ҷавонро Ҳафизулло Турғунбоев навишта, таъкид кардааст, ки наздиконаш бовар надоранд, ӯ худро аз ошёнаи чорум ба замин партофтааст.

"Ягон узви бадани Турғунбоев, на даст ва на пой ӯ шикаста набуд. Ҷароҳатҳо танҳо дар рӯй ва сари ӯ дида мешуд. Ӯ як одами азимҷусса буд ва чи хел метавонист худро аз тирезачаи ҳоҷатхона ба замин партояд?! Мо аз табибон пурсидем, ки дар мавриди сабаби марги Ҳафизулло ягон шубҳа доранд, онҳо гуфтанд, ки дар ин замина танҳо дар додгоҳ суҳбат мекунанд", - гуфтаанд наздикони ҷавон ба "Kun.uz".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG