Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ҷопон писарашро барои шабнишинӣ аз кор ронд


Фумио Кишида
Фумио Кишида

Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида писари калонии худ Сётаро Кишидаро баъди нашри хабарҳо дар бораи он ки ӯ дар қароргоҳи расмӣ шабнишинӣ ташкил кардааст, аз мақоми котиби шахсӣ дар умури сиёсӣ барканор кард.

Ҳафтаномаи "Сюкан буншун"-и Ҷопон ахиран аксҳоеро аз як шабнишинии солинавӣ дар қароргоҳи расмӣ нашр кард.

Дар аксҳо Сётаро Кишидаи 32-сола ва аъзои хонаводааш дар пушти минбари нишастҳои расмии матбуотӣ ва рӯи қолинҳои сурхи зинапояи асосии қароргоҳ дида шуда, зоҳиран онҳо аксгирии анъанавии вазиронро баъд аз таъйинот тақлид кардаанд.

"Амали ӯ дар мақоми давлатии котиби умури сиёсӣ номуносиб буд ва тасмим гирифтам, ки вайро барканор кунам, то натиҷаи кори худро дарк кунад", - изҳор доштааст сарвазири Ҷопон.

Сётаро Кишида дар моҳи октябри соли 2022 котиби шахсии падараш таъйин шуд. Дар сиёсати Ҷопон таъйини аъзои хонаводаи сарвазир ба мақомҳои давлатӣ дар доираи омода кардани ворисон як амали маъмулӣ аст.

Пештар, дар моҳи январи имсол, Сётаро Кишидаро барои истифода аз мошинҳои сафоратхона ҳангоми сайругашт дар шаҳрҳои Лондону Париж ва харидани туҳфаҳо барои вазирон аз фурӯшгоҳи маъруфи Лондон танқид карда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG