Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори истирдоди Сорбон аз Полша ба Тоҷикистон бекор шудааст


Сорбон Абдураҳимзода бо ду фарзандаш. Акс аз бойгонии хонавода
Сорбон Абдураҳимзода бо ду фарзандаш. Акс аз бойгонии хонавода

Додгоҳи шаҳри Жешув дар Лаҳистон (Полша) рӯзи 29-уми май қарори истирдоди Сорбон Абдураҳимзодаро ба Тоҷикистон бекор кард.

Назари ҷониби Тоҷикистон ва иттиҳоми расмӣ ба зидди ӯ маълум нест. Наздиконаш гуфтанд, мақомоти Тоҷикистон ӯро ба гузоштани "лайк" дар зери навиштаи мухолифон, бахусус аъзои “Гурӯҳи 24”, дар шабакаҳои иҷтимоӣ меҷӯянд.

Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола ва соҳиби ду фарзанд рӯзи 28-уми май бо пойфишории вакилони мудофеъ аз Фурудгоҳи Варшава пас гардонда шуд. Он рӯз мехостанд, ӯро ба Душанбе фиристанд.

Пӯлодҷон Абдураҳимзода, падари Сорбон Абдураҳимзода, рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар мурофиа вакили мудофеаш иштирок кард. Вай дар бораи беэътиноии мақомоти Полша ба қарори Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо барои пешгирӣ аз истирдоди Сорбон ба Тоҷикистион гап зад."

Ба нақли ӯ, оилаи онҳо дар Украина мезист ва пас аз ҳамлаи Русия ба Лаҳистон кӯчид.

Аз соли 2015 ба ин тараф гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд. Мақомоти аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи имсол Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст. Чанде аз созмонҳои ҳуқуқи башар тасмими Олмонро танқид карда, раҳоияшро аз Тоҷикистон хостанд, вале акси садое нагирифтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG