Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, нияти таъсиси давлати иттифоқиро надоранд


Шаҳри Остона
Шаҳри Остона

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, дар суханрониаш дар Маскав гуфт, ҳангоми баррасии асосҳои идеологии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд мавҷудияти Давлати иттифоқиро дар симои Беларус ва Русия ба эътибор гирифт.

Руслан Желдибой, сухангӯйи Тоқаев, дар шарҳи ин суханҳои президенти Қазоқистон афзуд, Қазоқистон тасмим надорад, давлати иттифоқӣ таъсис диҳад ё узви чунин давлате шавад.

"Дар ҷараёни он ҷаласа президент чанд изҳороте дод, ки ҳоло дар доираи коршиносон баҳс мешаванд. Дар ин робита мехостам бигӯям, паёми калидии роҳбари давлат ин буд, ки ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё танҳо дар бахши иқтисодӣ идома мекунад. Берун рафтан аз ин бахш ҳадафҳо, усулҳо ва вазифаҳои санадҳои меъёрии созмони мазкурро зери суол мебарад", - навишт Желдибой дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Тоқаев рӯзи 24-уми май дар Маскав суханронӣ кард. Вай дар он ҷо гуфт, бархурди ҳамгироӣ миёни Русия ва Беларус бо бархурди ҳамгироӣ миёни иштирокдорони дигари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё фарқ мекунад.

Тоқаев илова кард, ки давлати иттифоқии Беларус ва Русия шакли "ду кишвар - як давлат"-ро дорад.

Баъзе аз аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ҳарфҳои Тоқаев ба ин маъност, ки мавҷудияти Давлати иттифоқии Беларус ва Русия барои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як мушкил аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG