Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ё Қиличдороғлу? Даври дувуми интихобот дар Туркия


Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Камол Қиличдороғлу
Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Камол Қиличдороғлу

Мардуми Туркия рӯзи 28-уми май дубора ба назди сандуқҳои раъй баргаштанд, то раиси ҷумҳури навро интихоб кунанд.

Президенти ҳозира Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва намояндаи мухолифон Камол Қиличдороғлу байни ҳам рақобат доранд.

Ҳарду номзад дар даври аввали интихобот, ки 14-уми майи имсол гузашт, раъйи кофӣ ба даст наоварданд.

Ба иттилои расмӣ, дар даври аввал 49,5 дарсади интихобкунандагон ба тарафдории Эрдуғон ва тақрибан 45 дарсад ба Қиличдароғлу раъй додаанд.

Синон Уғон, номзади миллигаро, тақрибан 5 дарсади ороро ба даст овард ва аз сабқат канор рафт. Аз тарафдоронаш хостааст, дар даври дувум ба ҷонибдории Эрдуғон раъй диҳанд.

Дар сурати пирӯзӣ умри ҳукумати Эрдуғон панҷ соли дигар дароз хоҳад шуд. Вай бист сол боз дар мансаби нахуствазир ва раиси ҷумҳурӣ зимоми ҳукуматро дар Туркия ба даст дорад.

Интихоботи президентии Туркия замоне баргузор мешавад, ки кишвар бо мушкили иқтисодӣ рӯбарӯст. Се моҳ пеш дар пайи заминларзаи харобиовар дар ҷанубу шарқи Туркия зиёда аз 50 ҳазор кас ҷон бохта, ҳазорҳо хона вайрон шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG