Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти ба берун рафтани сарбозон аз Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Русия қонуне қабул шуд, ки аз кишвар рафтани сарбозонро маҳдуд мекунад.

Бар асоси он, шахсоне, ки ба хидмати ҳарбӣ ё хидмати алтернативии шаҳрвандӣ даъват шудаанд, бояд шиносномаҳои худро ба мақомоти Русия супоранд.

Аз лаҳзаи қабули қарор дар бораи даъвати ҷавон ба артиш, ӯ фақат панҷ рӯз муҳлат дорад шиносномаашро ба мақомот диҳад.

Шиноснома баъд аз анҷоми хидмати ҳарбӣ баргардонда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, имкон дорад, пас аз ҷаласаи комиссияи даъват шиносомаи даъватшавандагон фаврӣ аз онҳо гирифта шавад.

Сомонаи "Медиазона" менависад, тартиби нав асосан ба ҷавонони аз 18 то 27-сола дахл дорад, ки дар захира нестанд ва нисбат ба онҳо қарори даъват ба артиш гирифта шудааст.

Русия пас аз таҷовуз ба хоки Украина ва талафоти зиёд ба нерӯи иловагӣ ниёз пайдо кардааст.

Аз ин рӯ, соли гузашта дар ин қисман сафарбарӣ ба артиш ё мобилизатсия анҷом шуд, ки баъди он ҳудуди як миллион нафар аз Русия фирор карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG