Раҳбарони ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон (G7) аз Чин хостанд, ки ба Русия фишор биоварад, то ба ҳамлааш ба Украина поён дода, нерӯҳояшро аз қаламрави ин кишвар берун барад.
Онҳо рӯзи 20-уми май дар баёнияе гуфтанд, Чинро ташвиқ мекунанд, то аз сулҳи фарогир, одилона ва пойдор ҳимоят кунад.
Раҳбарони G7 дар шаҳри Ҳиросимаи Ҷопон гирдиҳам омадаанд.
Ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 оғоз шуд.
То кунун бар асари ҷанг аз ду тараф ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо украинӣ бехонаву ҷо ва паноҳанда шудаанд.
Гуфтугӯ