Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Верстка": Бештари "агентҳои хориҷӣ" дар Русия рӯзноманигор ҳастанд


Қисми асосии рӯйхати "агентҳои хориҷӣ"-и Русияро рӯзноманигорон ва кормандони расонаҳо ташкил медиҳанд. Дар ин бора сомонаи "Верстка" иттилоъ дод.

Дар рӯйхати мазкур, ки аз сӯи Вазорати адлияи Русия тартиб дода мешавад, ба иттилои "Верстка", аз 274 кас 112 нафар рӯзноманигор ҳастанд, ки ин теъдод бештар аз 40 дарсади "агентҳои хориҷӣ"-ро ташкил медиҳад.

Гуруҳи дувуми "агентҳои хориҷӣ"-ро фаъолони сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд. Теъдоди онҳо дар рӯйхати Вазорати адлия ба 33 кас мерасад.

Дар соли 2022, ба навиштаи "Верстка", шумори "агентҳои хориҷӣ" аз ҳисоби фаъолони бахши ҳунар, ҳунармандон, рассомон ва нависандогон якбора афзуд.

Дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳо дар рӯйхати Вазорати адлия ба 26 тан мерасад. 25 нафари дигарро дар рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" вакилони пешини Думаи давлатии Русия ва роҳбарони ҳаракатҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд.

Дар ин рӯйхат ҳамчунин блогерон (18 кас), ҳомиёни ҳуқуқ (13 кас), сиёсатшиносон (тан) ҳастанд. Ба ҷуз ин, дар рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" 12 олим, 9 ҳуқуқшинос, 9 соҳибкор, ду коршиноси низомӣ ва ду фаъоли динӣ дохил карда шудаанд.

Расонаҳои Русия навиштанд, ки дар соли 2022 дар рӯйхати Вазорати адлияи он кишвар 188 касро шомил кардаанд. Дар ҳоле ки дар соли 2021 ба ин рӯйхат 108 шахси воқеиву ҳуқуқӣ шомил карда шуда буд.

Қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия соли 2012 пайдо гардид. Ин қонун ба Вазорати адлияи Русия имкон дод, ки созмонҳои иҷтимоиеро "агенти хориҷӣ" номанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст мезананд. Дар солҳои баъдӣ қонун тағйир дода шуд ва ба ин тартиб расонаҳову шахсони воқеиро низ "агенти хориҷӣ" эътироф мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG