Имрон Хон, сарвазири собиқи Покистон, рӯзи 12-уми май барои ду ҳафта аз боздошт раҳо шуд.
Як рӯз пеш се додраси Додгоҳи олии Покистон боздошти ӯро, ки сабаби нооромӣ дар ин кишвари Осиёи Ҷанубӣ гардид, ғайриқонунӣ хонданд.
Вакили мудофеъ Файсал Чоудрӣ ба расонаҳо гуфт, "Додгоҳи олӣ ҳамчунин ба Оҷонси мубориза бо фасод амр дод, ки Имрон Хонро дар ин муддат дастгир накунад."
Бабар Аван, раҳбари тими ҳуқуқии Хон, ба хабарнигорон гуфт, нахуствазири пешин ҳоло "озод" аст.
Имрон Хони 70-сола ва ситораи собиқи бозии крикет соли 2018 ба раҳбарии Покистон расид, вале дар моҳи апрели соли гузашта аз мақом барканор шуд.
Ӯ ба фасоди идорӣ ва фурӯхтани туҳфаҳои давлатӣ гумонзад аст, вале худаш рад мекунад.
Гуфтугӯ