Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Шаҳбоз Шариф аз тарафдорони Имрон Хон


Покистон
Покистон

Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф аз эътирозгарон талаб кард, ки ба тахриби моликияти давлат хотима бахшанд.

Ӯ ваъда додааст, ки ҳукумат ба эътирозҳои хушунатбори рӯзҳои охир бо мушти оҳанин ҷавоб хоҳад дод.

Баъд аз ҳабси сарвазири собиқи Покистон Имрон Хон ин кишвар бо эътирозҳои саросарӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳаёти камаш 5 нафарро аз байн бурд.

Аз моҳи ноябри соли 2022, замоне ки Сандуқи Байнулмилалии Пул ҷудо кардани қарзро ба Покистон ба таъхир гузошт, Исломобод бо буҳрони сахти иқтисодӣ дучор аст.

Имрон Хон рӯзи 9-уми май аз тарафи Идораи Ҳисоби Покистон ба ҳабс гирифта шуд.

Ӯ ба фасод гумонзад аст.

Имрон Хон, ки моҳи апрели соли гузашта аз мансаб барканор шуд, айбномаро рад карда, мегӯяд, он ангезаи сиёсӣ дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG