Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон боздошт шуд


Телевизиони давлатии Покистон боздошти Имрон Хон, нахуствазири пешини ин кишварро таъйид кард. Тибқи ин гузориш, Имрон Хон рӯзи 9-уми май дар дохили Додгоҳи олии Исломобод боздошт шудааст.

Як сенатор аз ҳизби Имрон Хон, ки нахост номаш зикр нашавад, низ дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ боздошти вайро таъйид кард.

Имрон Хон як рӯз баъд аз он боздошт шуд, ки як генерали баландпояи артишро ба даст доштан дар талоши суиқасд ба ҷони вай дар соли гузашта, муттаҳам кард. Аммо артиши Покистон ин иттиҳомро беасос хонда, рад карда буд.

Фуод Чударӣ, як раҳбари Ҷунбиши инсоф боздошти Имрон Хонро "рабуда шудан"номид ва аз тарафдорони ҳизб хост, ки барои эътироз ба кӯчаҳо бароянд.

Носир Хон, як мақоми пулиси Исломобод ба рӯзномаи The News-и Покистон гуфтааст, ки Имрон Хон дар робита ба қазияи фасоди молӣ дар сандуқи амонати "Ал-Қодир" боздошт шуд. Вай афзуд, қонун барои ҳама баробар татбиқ мешавад.

Дар ин сандуқ барои барномасозии донишгоҳи Ал-Қодир пул ва кӯмак ҷамъоварӣ мешавад. Имрон Хон, ки даст доштан дар фасоди молиро рад мекунад, дар нишастҳои додгоҳ ба ин робита, ҳозир шуда буд.

XS
SM
MD
LG