Дар Эрон ду нафарро, ки ба бидъат ва ё куфргӯӣ гунаҳкор дониста шуданд, ба дор овехтаанд.
Вебсайти хабарии “Мизон”, ки минбари Вазорати адлияи Эрон аст, рӯзи 8-уми май хабар дод, ки Юсуф Меҳрдод ва Садруллоҳ Фозили Зориро барои таҳвин ба дини ислом, пайғамбари он ва дигар муқаддасоти динӣ қатл карданд.
Замони иҷрои ҳукмро нагуфтаанд.
Ба навиштаи “Мизон”, ин ду нафар даҳҳо гуруҳеро дар интернет мудирият мекарданд, ки дар онҳо нисбат ба ислому муқаддасоти он нафрат бармеангехтанд ва мардумро ба бединӣ ташвиқ мекарданд.
Коршиносони Созмони Милал борҳо аз ҳукумати Эрон, кишвари умдатан шианишин хостаанд, ки таъқибу озори ақалилятҳои динӣ, атеистон ва ҳам онҳоеро бас кунад, ки ба дини масеҳӣ гаравидаанд.
Гуфтугӯ