Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илёс Мамадҷонов: "Хушбахтам, ки озодам ва бо супориш кор намекунам". НИГОРИСТОН


"Сари як пиёла чой". Асари Илёс Мамадҷонов
"Сари як пиёла чой". Асари Илёс Мамадҷонов

“Сари як пиёла чой”, “Зан”, “Чаро” – ин танҳо чанд номгӯи наққошиҳои Илёс Мамадҷонов аст, ки дар як намоишгоҳ дар Душанбе ба маъраз гузошта мешавад.

Омӯзгори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва шогирди Сабзалӣ Шарифов намунаҳое аз корҳои худро дар жанрҳои абстраксия, чеҳранигорӣ, манзараву натюрморт ё табиати беҷон ниҳоят пешкаши тамошобини ватанӣ хоҳад кард. Дар маҷмӯъ то 40 кори ин наққош намоиш дода мешаванд. Илёс Мамадҷонов, ки саргарми омодагӣ ба ин ҳодисаи муҳими эҷодиаш мебошад, рӯзи 6 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муштоқи муаррифии корҳояш дар Тоҷикистон аст, чун, ба гуфтааш, то имрӯз аксар корҳои ӯро бештар хориҷиҳо дидаанд. “Баъзе аз корҳоям аз хориҷа, масалан, аз Олмон, аз коллексияҳои хусусие оварда мешаванд, ки қаблан ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон нишон дода нашудаанд”.

Илёс Мамадҷонови 46-сола мегӯяд, дар собиқаи кории худ дар ҳама жанру мавзӯъҳо асар офаридааст, вале вақтҳои охир “вақте мардум ва мушкилоташро” мебинад, бештар мехоҳад ба мавзӯъҳои “шоду хурсандиовар” рӯ биёрад. Шеваи шинохташавандаи наққошӣ дорад, бо тобишҳои нарму форами пасти обиву табиӣ ва бо истифода аз рангҳои равғанӣ эҷод мекунад. “Рангбинӣ аз ҳиссиёти одам мебарояд, - мегӯяд ӯ. – Ман вақтҳои охир бисёр вақт дар устохонаи худ нишаста як мусиқиро мемонам, мехоҳам як коре эҷод кунам, ки ба мардум хурсандӣ биёрад. Вақте ба берун мебароӣ, бисёриҳоро дар ҳолати зиқу пур аз мушкил мебинӣ”.

Эътироз ваё “Чаро чунин шуд?”

Мамадҷонов мегӯяд, наққош наметавонад дур аз мардум ва ҷомеа бошад, “ҳар як воқеа, ҳар як ҳодисае, ки дар миёни мардум гашта мебинад, ба зеҳни рассом таъсири худро мерасонад”. Пандемияи COVID, ки ногаҳон аз поёни соли 2019 дар сайёра паҳн шуд, ба гуфтаи ӯ, яке аз чунин ҳолатҳои такондиҳандае буд, ки ӯро ба эҷоди асаре бо номи “Чаро?” водор кард. Ин падари чор фарзанд мегӯяд:

“Дар ин асар кӯдакони ниқобпӯш тасвир шудаанд. Хона меомадам, фарзандони худам мепурсиданд, ки “барои чӣ мо наметавонем ба мактаб равем?” Ман мегуфтам, ки “хуб, ҳамингуна як вазъят шудааст...” Онҳо мегуфтанд “охир мо гунаҳгор нестем. Чаро бо гуноҳ ё хатои калонсолон мо набояд боғча ё кӯча равем?” Ҳамин савол дар хонаи ман бисёр садо додааст. Ва ман ҳам ҳамингуна як асаре эҷод кардам, ки он яъне эътироз ба калонсолон аст, ки “барои чӣ, чаро чунин шуд?”

Илёс Мамадҷонов худро як ҳунарманди хушбахт меҳисобад, чун, мегӯяд, дар қатори он наққошони тоҷик аст, ки дар дохили Тоҷикистон истода кор мекунад, се рӯз дар ҳафта ба шогирдон дарс медиҳад ва боқӣ вақташро барои эҷод сарф мекунад. Мегӯяд, агар бубинад, ки шогирдонаш муваффақ шудаанд, хушбахт мешавад, чун “нону номам ҳама аз пушти ҳамин эҷодкориам аст”.

Ин наққоше, ки наврасиаш дар давраи шӯравӣ гузаштааст, мегӯяд, озодии эҷодии худро қадр мекунад, чун, бо вуҷуди ин ки “имрӯз ҳам идеология ҳаст”, ӯ дар интихоби мавзӯву кораш озод аст. “Ман супориш намегирам, чизе, ки дилам омад, онро озодона эҷод мекунам”, мегӯяд ӯ.

Наққошии Камолиддин Беҳзодро надорем

Яке аз наққошиҳое, ки қарор аст дар намоишгоҳи Душанбе гузошта шавад, “Зан” ном дорад, ки бо илҳом аз шоҳкории Рафаэл Санти “Мадонна ва кӯдак” эҷод шудааст. Дар ин асар симои як зани тоҷик бо анор дар даст ҳамчун рамзи таваллуд ва насл ифода шудааст. Мамадҷонов бовар дорад, ки мактаби наққошии миллӣ дар Тоҷикистон ҳарчанд таҳти таъсири рассомони русу аврупоӣ буд, решапайвандҳои фарҳангии худро ҳам ҳифз кард.

"Зан". Наққошии Илёс Мамадҷонов
"Зан". Наққошии Илёс Мамадҷонов

Ӯ, ки бовар дорад, “фарҳанг сарҳадро намешиносад”, мегӯяд: “Масалан, манзаранигорӣ (живопись) дар мо зиёд рушд карда набуд ва таҳти таъсири фарҳанги аврупоӣ ғанитар шуд, - мегӯяд Мамадҷонов. – Мо кандакорӣ доштем, миниатюра доштем, нақшунигор доштем. Рамз як бахши муҳими фарҳанги наққошии миллӣ аст. Вақте Ислом омаду кашидани чеҳраи инсон манъ шуд, рамз рушд кард. Ҳамаи ҳамин нақшу нигор рамз аст. Масалан, дар гули тоқӣ ифода кардани рамзи қаланфур расм шуд. Ин ҳам рамз аст”.

Илёс Мамадҷонов мегӯяд, ҳунари наққошӣ дар Тоҷикистон солҳои охир хеле пешрафт кардааст ва ҳар муаррифии асарҳои ҳунармандони ватанӣ дар берун аз кишвар ӯро ҳам хушҳол мекунад. Намоишгоҳҳои корҳои худи ӯ ваё намунаҳое аз эҷодиёташ то ҳол дар Австрияву Олмон, Қибрису Инглистон, Гурҷистону Туркия нишон дода шудааст.

“Бисёр мехоҳам, ки асарҳоямро дар дохил намоиш диҳам. Шумо медонед, ки ҳамин Камолиддини Беҳзод, ки мо бо наққоши тоҷик буданаш ифтихор мекунему номаш ба осорхонаи миллӣ дода шудааст, ҳеҷ як намунаи асарашро дар Тоҷикистон надорем?”

Намоишгоҳи нигораҳои Илёс Мамадҷонов аз 11 май то 11 июн дар саҳни меҳмонхонаи «Душанбе Серена» баргузор мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG