Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёт Неъмат. Посбону пуштибони забон, таърих ва фарҳанги тоҷикон. ВИДЕО


Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар ёдҳо ва ёдномаҳо на танҳо чун шоир ва адабиётшиноси тавоно, балки ҳамчун муборизи ҳуқуқи тоҷикони Узбекистон мемонад. Номи ӯ дар оғози бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ якҷо бо Уктами Бекмуҳаммад, Аслиддин Қамарзода, Болта Ортиқов, Амина Шарофиддинова ва дигарон замоне сари забонҳо шуд, ки ин фаъолон аз вазъи мактабу матбуот ва забони тоҷикӣ дар Узбекистон садо баланд карданд. Ӯ 18-уми октябр дар 78-солагӣ дар Самарқанд даргузашт.

Нахустин гуруснашинии сиёсӣ дар Узбекистон

Охири солҳои 1980 Ҳаёт Неъмат ва Аслиддин Қамарзода нахустин маркази фарҳангии тоҷикони Самарқандро асос гузошта буданд. Профессор Қамарзода, ки аз даргузашти ҳамсангараш андӯҳгин аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳаёт Неъмат чанд вақти охир бемор буд, вале дар бистари беморӣ ҳам аз шеъру адабиёт суҳбат мекард.

"Ҳамеша дар андешаи ба ҳам омадани аҳли адабу фарҳанги тоҷикони Узбекистону Тоҷикистон ва ҳамкориҳои наздики матбуоти ду кишвар буданд ва фақат ба ҳамин меандешиданд," -- афзуд Қамарзода.

Нахустин гуруснашинии сиёсиро дар Узбекистон Ҳаёт Неъмат эълон карда буд. Он ҳам барои пешгирӣ аз баста шудани мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишвар. Эътирози ӯ сабаб гашт, ки раҳбарони Узбекистон ба мулоқоташ оянд ва ваъда диҳанд, ки ҳуқуқи тоҷикони ин кишвар нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Талошҳои Ҳаёт Неъмат он замон дар Тоҷикистон ҳамовозии васеъ пайдо карданд. Ҳайатҳои адабие ба дидори ӯ мерафтанд ва худи ӯ низ пайваста ба ҳамоишҳо дар Тоҷикистон даъват мешуд. Тағйири муносибатҳои байни ду кишвар ва рӯйдодҳои сиёсии минтақа ба ӯ таъсир мегузошт, вале ҳаргиз ӯро аз роҳ намегардонд. Вай батакрор талаб мекард, ки бо назардошти наздик ба 10 миллион аҳолии тоҷики Узбекистон ба забони тоҷикӣ дар ин кишвар мақоми давлатӣ дода шавад.

"Онҳое, ки мадҳ менависанд, шоир нестанд"

Дар рӯзи даргузашти Ҳаёт Неъмат раиси Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, ӯро "як пули бузург ва рамзи иттиҳоди фарҳанги муштарак" номид.

Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ, "адабиёту таърихи миллати моро хуб медонистанд ва гузашта аз ин посбону пуштибони таъриху адабиёту фарҳанги миллати мо буданд. Се китобе, ки ба ман тақдим карданд, баёнгари ин арзишҳост. Рӯҳашон шод бошад, воқеан, барои мо як талафоти бузург аст."

Ҳаёт Неъмат аз соли 2000-ум ба ин тараф узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Пештар дар як суҳбаташ бо расонаҳо вазъи адабии Душанбе ва Самарқандро муқоиса карда, гуфта буд, дар Тоҷикистон бештар мадҳия менависанд.

"Хушбахтона, мо аз ин чиз хеле дур ҳастем. Дар Самарқанд он чи ки менависанд, табиӣ менависанд. Онҳое, ки мадҳ менависанд, шоир нестанд. Сабаби мадҳия гуфтан ин ҳама дар Душанбе нафс аст, яъне мансаб гирифтан нафс аст, медалу ифтихорнома гирифтан ҳам нафс аст. Ба ҷойи лоф задан мо бояд ҳамаро бо чашми ҳақиқат нигоҳ кунем," -- гуфта буд, шоири марҳум.

Ҳаёт Неъмат дар чаҳорсолагӣ, аз дарахт уфтода маҷрӯҳ гашт ва пас аз ҳаштуним соли бистарӣ дар як мактаби русии бемористон таҳсил намудааст. Баъдан соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст. Шахси пурмутолиа буд ва ба гуфти аҳли адаби Самарқанд аз овони ҷавонӣ барои ҳаққи ҷомеаи фарҳангии тоҷикони Узбекистон садо баланд мекард.

"Агар Ҳаёт Неъмат набуд, ҳоло "Овози Самарқанд"-ро надоштем"

Шаҳзодаи Самарқандӣ
Шаҳзодаи Самарқандӣ

Шаҳзодаи Самарқандӣ, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд ба Радиои Озодӣ гуфт, агар гуруснанишиниҳои Ҳаёт Неъмат набуд ва исрорҳои ӯ набуд, мо рӯзномаи "Овози Самарқанд"-ро надоштем.

Шаҳзода аз хидматҳои Ҳаёт Неъмат ёд карда, мегӯяд, дар солҳои сахт барои самарқандиён, шоири марҳум "Маркази фарҳангии тоҷикон"-ро созмон дод. "Ҷавонони боистеъдодро даври худаш овард ва тарбия намуд. Дар маркази фарҳанг, ки ман ҳам донишҷӯ будам, шабҳои мавлавихониро барпо менамуд. Устод аҳли ҳунар буд ва шашмақомхони моҳир буд, тоқидӯзӣ, сӯзанидӯзиро ба шогирдон меомӯхт, ҷилдҳои китобҳоро дуруст мекард," --мегӯяд Шаҳзодаи Самарқандӣ.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин гуфт, Ҳаёт Неъмат дар канори ин ҳама шуғл аз таҳқиқи адабиёти клоссикӣ канор наистод, осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро меомӯхт ва ва шеърҳои ноб менавиштанд.

Шаҳзода: Ҳаёт Неъмат танҳо шоир набуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

"Маълулу захмӣ, вале пурталошу пӯёгар буданд"

Худи Ҳаёт Неъмат дар як навиштаи худ дар бораи ашъораш чунин мегӯяд: "Ман худам намедонам аз кай ба шеърнависӣ оғоз намудаам ва аввалин шеърам кадом аст. Чунки ман дар даруни шеър калон шудаам, мо бо шеър бозӣ мекардем, модарам моро бо шеър бедор мекарданд, ки на дар ҳама хонадон ин чиз буд. Маҷмӯаи шеърҳои ман бо номи "Шир, шеър ва шер" буда, бештари мисраъҳои он ба мавзуъҳои фалсафӣ бахшида шудааст."

Намунаҳои ашъори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Узбакистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд.

Зафар Сӯфӣ
Зафар Сӯфӣ

Зафари Суфӣ, шоир ва рӯзноманигори тоҷик, Ҳаёт Неъматро намоди ним асри бақои забону адабиёт тоҷик дар сартосари Узбекистон медонад: "Ман устодро хеле барвақт мешинохтам, тимсоли ҳувияти миллии тоҷикон дар хостгоҳи адабиёту таърихи миллӣ буданд. Маълулу захмӣ, вале пурталошу пӯёгар буданд ва ман ҳамеша ба устод сано мехондам."

Ҳаёт Неъмат мутарҷими 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва 100 ғазали Имом Хумайнӣ ба забони узбекӣ мебошад. Ӯ, ҳамчунин, муаллифи чанд драма, аз ҷумла "Меҳри пирӯз ё зодаи нур" ва дилогияи "Дарди рӯзгори Одам" мебошад. Як бахши фаъолияти ӯ ҷамъоварии тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX мебошад.

Марҳум борҳо ба Душанбе сафар карда, муддати зиёд дар пойтахти Тоҷикистон зистааст. Дар як суҳбаташ Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло андеша ба тарс бадал шудааст, ки боиси нигаронии ӯст."

XS
SM
MD
LG