Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, адиб ва донишманди шинохта даргузашт. ВИДЕО


Ҳаёт Неъмати Самарқандиро пайвандгари тоҷикони Узбакистон ва Тоҷикистон мегуфтанд

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, адиби шинохтаи тоҷик, дар 78-солагӣ дар шаҳри Самарқанд даргузашт. Адаш Истад, шоири тоҷики муқими Самарқанд ва аз дӯстони Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, дар Фейсбук хабар дод, ки маросими видоъ бо ӯ баъд аз зуҳри 18-уми октябр дар деҳаи Кӯйи сахо баргузор мешавад.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ - шоир, драманавис, адабиётшинос, узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон "Пайванд" аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд ва барои асарҳояш ба Ҷоизаи ба номи Деваштич ноил гаштааст.

Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Алмаато, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ шаби гузашта фавтид. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, "шоир чанд вақти охир бемор буд".

"Устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ҳамоне ки бо ҷисми маълулаш борҳо садои додхоҳӣ буланд карда ва барои ҳифзи миллаташ аз нобудии маънавӣ ҷонталошиҳо карда буд, ҳамоне ки барои ҳифзи забони мо дар хостгоҳи ин забон дар Самарканд чанд бор гуруснанишинӣ карда буд, даргузашт", -- навишт Сафар Абдуллоҳ.

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Ҳаёт Неъмат: Ба хонаи худам бо даъватнома биоям?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00

Шоир Ҳаёт Неъмат 78 сол дошт ва дар шаҳри Самарқанд мезист.

Аҳли адаб ӯро пайвандгари тоҷикони Узбакистон ва Тоҷикистон мегуфтанд. Намунаҳои ашъори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Узбакистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд.

Ӯ ҳамчунин мутарҷими 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва 100 ғазали Имом Хумайнӣ ба забони узбекӣ мебошад.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ҳамчунин муаллифи чанд драма, аз ҷумла "Меҳри пирӯз ё зодаи нур" ва дилогияи "Дарди рӯзгори Одам" мебошад. Як бахши фаъолияти ӯ ҷамъоварии тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX мебошад. Ӯ ҳамчунин доир ба эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чанд таҳқиқотро анҷом додааст.

Марҳум борҳо ба Душанбе сафар карда, муддати зиёд дар пойтахти Тоҷикистон зистааст. Дар як суҳбаташ Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло андеша ба тарс бадал шудааст, ки боиси нигаронии ӯст."

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG