Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурулло Абдуллоев: "Театр аз сиёсат ҳамчун дин аз давлат ҷудо бошад" ВИДЕО


Нурулло Абдуллоев, ҳунарманди шинохта ҳангоми суҳбат дар студияи Радиои Озодӣ
Нурулло Абдуллоев, ҳунарманди шинохта ҳангоми суҳбат дар студияи Радиои Озодӣ
Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки бо нақшҳои хотирмон ва барномаҳои панду андарзияш маъруф аст, мегӯяд, ҷонибдори қонун "Дар бораи танзими расму оинҳои мардумӣ" нест. Ба андешаи ӯ, ин қонун “бадбахтӣ ва қашшоқӣ” меорад. Ҳунарманди маъруф, ки чанде пеш бемор буд, шифо ёфтааст ва розӣ шуд, ки дар як суҳбати видеоӣ ба суолҳои хабарнигори Радиои Озодӣ посух диҳад.

Нурулло Абдуллоев: "Ба наздикӣ як суҳбати ҳунарманд Ҳошим Гадоро тамошо кардам. Вақте мепурсанд, ки вазъи кинову театр чӣ хел аст, посух доданд, ки кино имрӯз дар мо мурдааст, театр дар ҳоли ҷон кандан аст. Ман ҳам бо гапҳои он кас розӣ ҳастам, ҷон меканем, кор мекунем, ба ҳар ҳол кор ҳаст."

Радиои Озодӣ: Агар насли калонсол Шуморо ҳамчун ҳунарманду коргардони театру кино мешиносанд, насли ҷавон бештар ба ҳайси ровӣ ва муаллифи барномаи тарбиявии “Беғараз панд” медонанд. Ин лоиҳа ҳоло ҳам ҳаст?

Нурулло Абдуллоев: "Барнома тавассути “Телевизони Тоҷикистон” пахш мешавад, танҳо номаш дигар шудааст. Барнома ҳар моҳ ду бор намоиш дода мешавад. Танҳо бо номи “Андарзи ниёгон”. Албатта, боис ба таассуф аст, ки вақти муайяни пахш надорад. Ҳамин қадар маълум, ки рӯзҳои ҷумъа баъд аз барномаи “Ахбор” бояд нашр шавад. Масалан, театр репертуари худашро дорад ва вақту соати намоишномаҳо маълум аст. Барнома ё сеткаи барномаҳо дар телевизионҳо қариб вуҷуд надорад.”

Радиои Озодӣ: Блогерон ҳам зиёд шудаанд, ки саҳнаҳои тарбиявӣ таҳия карда, бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахшу нашр мекунанд. Назари Шумо дар ин маврид чӣ аст?

Нурулло Абдуллоев: “Агар чизи хуб ҳар қадар бисёр бошад, ман ҳеч гоҳ муқобил нестам. Фақат нафаре, ки ин чизро пеш мебарад, бояд фарҳангаш баробари гуфтаи бузургон бошад. Ман ба ин гурӯҳи блогерон фақат муваффақият мехоҳам ва бисёр хоҳиш дорам, ки эҳтиёткорона ба ин чиз муносибат кунанд. Яъне, агар як байти Фирдавсӣ ё як рубоии Хайём ва ё як ғазали Ҳофизро мехонанд, гӯянда бояд дар пояи маданияти Ҳофиз бошанд. Он гоҳ чунин саҳнаҳо ба дарди кас мехӯрад. Дар умум, ман розӣ ҳастам, бигзор, чунин афрод бисёр бошанд.” ​

Радиои Озодӣ: Назаратон ба истифодаи зиёди лаҳҷа дар саҳнаву намоишҳои ҳаҷвӣ чӣ гуна аст?

Нурулло Абдуллоев: “Забони драматургия аз забони адабӣ фарқ дорад. Вақте мақолаеро дар рӯзнома ё ҳафтавор менависем, ин дигар аст. Одами зинда аз саҳна гап мезанад, муҳим нест, саҳна ҳаҷвӣ аст ё драмавӣ, агар вай суроғаи муайян дошта бошад, масалан, қаҳрамоне, ки ман иҷро мекунам, шояд аз Хуҷанд бошад, пас ҳеч зарар надорад, ки вай аз лаҳҷа истифода барад. Фарқ надорад, ки он аз Кӯлоб бошад ё аз Помир. Расул Ғамзатов гуфтааст, дар Доғистони хурдакаки ман, ҷумлаи “Ман туро дӯст медорам”-ро бо шаш лаҳҷа мегӯянд. Дар Тоҷикистони мо ҳам ҳамин чиз аст. Фақат инро ҷудо кардан лозим аст. Лаҳҷа бисёр хушрӯ аст, барои чӣ манъ кунем?" ​

Радиои Озодӣ: Бисёре аз ҳунармандон худро аз сиёсат канор мегиранд. Оё саҳнаи ҳунар бе сиёсат ва бе озодии сухан буда метавонад? ​

Нурулло Абдуллоев: "Орзуи ман ин аст, ки фарҳангу санъати театрӣ ҳамчун дин аз давлат ҷудо бошад. Ҳамон тавре барои кишварҳо дин аз давлат ҷудо аст, бояд дар театр ҳам айнан ҳамин тавр бошад. Театр бояд сухани озод гуфта тавонад, зери назорати сиёсат будан театрро нобуд мекунад. Театр он вақт ба як идхонае табдил меёбад, ки “Соли нав асту табрик кунем.” Аммо вақте ин чиз дар намоишномаҳо пайдо мешавад, тамошобин ба ин чиз завқи зиёд надорад. Чунки вай ин гапҳоро аз радиову телевизион мешунавад, театр бештар бадеиятро мепарастад. Дар бадеият ҳар қадаре, ки мехоҳад, сиёсатро ворид кунад. Масалан, ин кори режиссёр аст, вақте ӯ як асарро ҳазорҳо сол пеш навиштаанду аз сиёсату дин пур аст. Вале вақте болои кори ӯ назорат мешавад, ки ин чизро гуфтан мумкин асту дигарашро не ва дар умум вақте ки тубҳо сухан мегуянд, олиҳаи санъату фарҳанг хомуш мемонад.” ​

Радиои Озодӣ: Яъне як навъ сензура ё маҳдудиятҳо дар намоишномаҳои театрӣ вуҷуд дорад? ​

Нурулло Абдуллоев: “Ҳозир дар ҳама ҷой ин чиз ҳаст ва офаринаш бод нафареро, ки аз ин вазъият баромада метавонад”. ​

Бахши аввали суҳбати видеоӣ:

Гуфтугӯ бо Нурулло Абдуллоев. Бахши аввал
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:26 0:00

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, баъзе аз ҳамзамонҳои мо бераҳм шудаанд. Мезананд, мекушанд, ғорат мекунанд, фиреб медиҳанд, дурӯғ мегӯянд... Чаро?

Нурулло Абдуллоев: “Албатта, ҳар давру аср инсони худашро тарбия мекунад. Масалан, агар замони кӯдакии мо байни рафиқамон ҷангу ҷанҷол мешуд, мо медонистем, ки то куҷо мумкин аст. Вақте дидем, ки аз бинии ӯ хун омад, мо аллакай ҷанҷолро бас мекардем. Хонаи ман дар пеши мактаб аст, баъзан мебинам, ки кӯдаки синфи як дар роҳ бо кадом рафиқаш ҷанҷол мекунанд, дар чашмони онҳо маргро мебинӣ ва раҳм дар дили кӯдакӣ намемонад. Ба онҳо чӣ шудааст? Шояд бо мурури замон ин чиз мегузарад. Дар ин бора дар намоишномаи ман бо номи “Ҷанҷоли сари пода” ҳамин чиз бисёр равшан гуфта шудааст. Як ҳодисаи 700 сол пеш гузашта, аммо имрӯз дар замони мо дида мешавад.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар як суҳбати худ гуфта будед, ки зиёд ҷонибдори қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон нестед.

Нурулло Абдуллоев: “Бале, урфу одати мардумро ҳеҷ вақт танзим кардан мумкин нест, ин ба бадбахтӣ ва ҳам давлату мулкро ба қашшоқӣ мебарад. Чунки урфу одат бисёр кори осон аст, ки ба мардум фаҳмонем, ин маҷбурӣ нест. Ҳеҷ кас туро маҷбур намекунад, ки пул қарз гирифта “оши худоӣ” кунед. Мегӯянд, нони бисёр набандед ва масраф накунед. Масраф чӣ аст? Чизи зиёдатӣ ҳамонест, ки мо рӯзи дигари маърака линча ё хирмани нонро дар порутуда бинем. Оё дар партовгоҳҳои мо нон пайдо мешавад? Мо ҳар чизе ки мекунем, ин меҳмондории мо аст. Расул Ғамзатов дар “Доғистони ман” навиштааст, ки ҳар бор ба Тоҷикистон меомад, аз меҳмондориву дастархони тоҷикон як сол фаромуш намекард. Барои чӣ мо ин дасткушодиро нигоҳ дорем? Ман ба як нафар гуфтам, ки биё фикр кунем, масрафи зиёд чист? Масалан, духтари шумо аз чашма ду сатил об меорад, якеаш барои нӯшидан, дуюмаш барои он ки ба ҳавлӣ пошему пеш аз руфтан чанг нашавад. Кадом исроф аст? Оне ки моро аз чанги ҳаррӯзи пеши ҷоруб халос мекунад, масраф аст? Ҳамон чизе ки хайру саховат мекунанд, ин ҳамон обест, ки чангро аз байн мебарад. Мо гуфтем, ки агар сарфа кунем, гушт арзон мешавад, ё нархи орд арзон мешавад, аммо нашуд. Дар ягон ҷои дунё чунин қонун нест, як замоне Мустафо Камол Отатурк ин корро карда будааст ва дар муддати даҳ рӯз фаҳмидаст, ки ин бадбахтӣ меорад, баъдан қонунро иваз кардааст”.

Бахши дуюми суҳбати видеоӣ:

Гуфтугӯ бо Нурулло Абдуллоев. Бахши дувум
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:26 0:00

Радиои Озодӣ: Набудани киро бештар эҳсос мекунед?

Нурулло Абдуллоев: “Дӯстоне, ки ман ҳамроҳашон кор мекардам, ҳамсабақонам. Аз ҷумла, Савринисо Сабзалиева, Аҳмадшо Улфатшоев ва Қиёмиддин Чақаловро дар ҳар қадам эҳсос мекунам, ки чӣ қадар одамҳоро гум карда истодаам.”

Радиои Озодӣ: Будани кӣ ба шумо нерӯ мебахшад?

Нурулло Абдуллоев: “Фарзандонам, оилаам. Ман се писару як духтар дорам, боз ду фарзанде, ки ба фарзандхонӣ қабул кардам, дар хонаи ман тарбия ёфта калон шуданд ва то имрӯз ҳастанд. Ман аз ҳамаашон миннатдорам.”

Радиои Озодӣ: Мушкили даврони мо чӣ аст?​

Нурулло Абдуллоев: “Як файласуфи юнонӣ мегӯяд, бадбахттарин насл ҳамонест, ки дар давраи табаддулоти давлатӣ умр ба сар мебарад. Яъне ин ҳамон мову шумо ҳастем. Мо як шакли давлатдориро гум кардем ва шакли дигарашро ҳанӯз наёфта истодаем дар ин роҳ душвориҳои зиёде пеш меоянд. Имрӯз мебинем, ки бачаҳои ҷавон гирифтори бемории қанд ё фишорбаландӣ ҳастанд. Ҳамаи ин нишонае аз гуфтаҳои ҳамон файласуф аст.” ​

Радиои Озодӣ: Як навиштаи шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамаро такон дод, чун мисли хайрбод садо медод. Реҳлат ё тарки зиндагӣ барои шумо чист?

Нурулло Абдуллоев: “Ҳеҷ кас дар ин дунё сутун нашудааст ва ин дар дасти мо ҳам нест. Он чизе ки аз боло барои мо ҷудо карда шудааст, ҳар кас бо он зиндагӣ мекунад. Як файласуф мегӯяд, агар медонистед, ки баъди чанд дақиқаи маргатон шуморо фаромуш мекунанд, ба дунё намеомадед. Ба назарам гапи ӯ ҳам рост аст”. ​

Радиои Озодӣ: Аз инсон баъд аз сари ӯ чӣ мемонад? ​

Нурулло Абдуллоев: “Як нафар назди подшоҳ меояду баъд аз салом додан мегуяд, шоҳамро ҳазор сол бақои умр бодо. Баъд подшоҳ ҷавоб медиҳад, ки туро хирадманд гуфтаанд, аммо намедонӣ, ки одам аз сад сол зиёд умр намебинад. Ту барои ман ҳазор сол бақои умр мехоҳӣ, магар ҳамин аст хирадмандӣ? Баъд ин нафар ҷавоб медиҳад, ки орзуи бақои умри одамӣ ҳазор сол нест, ҳатто ба сад ҳам намерасад, аммо коре, ки баъди рафтани инсон аз ӯ мемонад, ҳазорсолаҳо аст. Ҳамин буд, ки ман ҳазор сол бақои умр гуфтам. Корҳои анҷомдодаи ҳар як инсон ин ҳамон боре мешавад, ки ба ояндагон гузошта меравад”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG