Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфиза, наққоши рақамӣ. "Шуғле барои оромиши рӯҳ, на фоида". ВИДЕО


Муфиза Кенҷаеваи 25-сола наққоши диҷитол ё рақамӣ, як бахши нави ҳунар дар Тоҷикистон аст. Вай чеҳраҳо, дарду ранҷи одамон ва хатарҳоро ба муҳити зист на дар рӯйи варақ, балки дар компютер тасвир мекунад.

Ин духтар Донишгоҳи Осиёи Марказиро хатм карда, аз рӯйи тахассус сиёсатшиносу хабарнигор аст ва дар як созмони байнулмилалӣ кор мекунад, вале аз шуғли даврони кӯдакияш дил канда наметавонад.

Муфиза Кенҷаева
Муфиза Кенҷаева

"Аз хурдӣ наққошӣ мекунам. Ҳарчанд мактаб баҳои хуб намегирифтам, бибиям аз кӯшишҳҳои ман ҳимоят мекард. Аз оғози пандемия дар соли 2020 ба тарзи рақамии сураткашӣ гузаштам, ҳарчанд гоҳ-гоҳе ба наққошии анъанавӣ низ рӯй меорам," – гуфт ӯ.

Муфиза Кенҷаева офаридаҳои худро бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад. Аз ҷумла, вай расми рақамии як зани бадахшонӣ ва украиниро дар Фейсбук гузошт, ки аз тарафи корбарон ситоиш шуд. Дар ҳоле ки дар Украина ҷанг идома дорад ва вазъият дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли гузашта печида аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Муфиза як бахши нави ҳунарро дар Тоҷикистон таҷриба мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

"Қаҳрамонҳои наққошиам гуногунанд. Дар ҷараёни эҷод онҳоро ба миллате ё маҳалле мансуб намедонам. Шояд чунин бардоштҳо дар дигарон пайдо шаванд. Номгузории наққошиҳоямро тақрибан ним сол пештар оғоз кардам. Боқӣ ҳама натиҷаи тахайюли бинанда аст," – афзуд ӯ.

Музифа Кенҷаева мегӯяд, ҳадафи узвият дар Иттиҳоди наққошони Тоҷикистонро надорад ва расмкашиаш танҳо ба хотири идомаи шуғлест, ки аз кӯдакӣ ба он рағбат дорад. Ба гуфтаи вай, ҳоло бародараш низ ба наққошии рақамӣ рӯй овардааст.

Дар посух ба ин суол, ки оё эҷодиёташ дар ниҳоят ба ҳалли мушкилоти мардум мусоидат мекунанд ё не, гуфт: "Вақте хабарнигор ё таҳлилгар матлаб менависад, мушкилотро ҳал намекунад, танҳо таваҷҷуҳро ба самти мушкил мебарад. Наққошии рақамӣ низ айни корро мекунад. Вақте тасвирҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, баҳсҳо сурат мегиранд, ҷомеа ҳатман таваҷҷуҳ мекунад."

Амир Исоев
Амир Исоев

Амир Исоев, наққош ва аксбардори ҳирфаии тоҷик, мегӯяд, дар замони фанновариҳои навин Тоҷикистон наметавонад аз равандҳо дар канор бимонад. Ба бовари ӯ, "баъзан, кормандони техникӣ бо омӯхтани барномаҳои компютерӣ даъво мекунанд, ки рассом шудаанд. Наққошии диҷитолиро танҳо рассом ё шахсе, ки аз кӯдакӣ завқи баланди рассомӣ дорад, метавонад анҷом диҳад."

Музифа Кенҷаева мегӯяд, ояндаи ҳунари рассомӣ дар ҷаҳон бо наққошии рақамӣ вобаста аст: "Ин пойгоҳи навест, ки ҳоло бештаре аз наққошон рӯйи он кор мекунанд. Бештаре аз филмҳои тасвириро дар ҷаҳон низ тавассути наққошии рақамӣ меофаранд."

Кенҷаева мегӯяд, наққошии рақамӣ шуғли асосиаш нест ва аз натиҷаи он пуле ба даст намеорад. "Ин шуғл барои оромиши рӯҳам аст, на барои соҳиб шудан ба фоидае," -- гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG