Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду зан ва як духтари тоҷикро аз зиндони Бағдод овардаанд


Ироқ. Муҳокимаи занони ҷангӯён. Соли 2018
Ироқ. Муҳокимаи занони ҷангӯён. Соли 2018

Мақомоти Тоҷикистон аз як зиндони Бағдод, пойтахти Ироқ, ду зан ва як духтарро ба Душанбе овардаанд.

Манбаи Радиои Озодӣ бе зикри ном рӯзи 3-юми май гуфт, феълан дар маҳбаси Русафа 36 зани тоҷик зиндонӣ ҳастанд.

Пас аз соли 2014 ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафта, ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайвастанд.

Аксар мардон дар ҷангҳо кушта шуда, занону кӯдаконашон дар урдугоҳҳо ва ё зиндонҳо ҳастанд.

Соли 2019 даҳҳо кӯдаку навраси тоҷикро аз Ироқ ва соли 2022-юм 146 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Душанбе оварданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG