Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон ба зидди иштирокдорони ҷанг дар Украина парванда кушод


Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар робита ба иштироки шаҳрвандони ин кишвар дар ҷанги Русия зидди Украина даҳ парванда боз кард.

Кумитаи амнияти Қазоқистон гуфтааст, дар доираи ин парвандаҳо гумонбаронро аз 5 то 9 сол зиндон таҳдид мекунад. Ниҳоди мазкур ҷузъиёти дигар надодааст. Қазоқистониҳо аз ҷониби кӣ меҷанганд, низ маълум нест.

Пештар расонаҳои қазоқистонӣ номи чанд шаҳрванди ин кишварро нашр карда буданд, ки дар сафи ширкати хусусии низомии "Вагнер" аз ҷониби Русия зидди Украина меҷангиданд.

Онҳо дар ҷанг кушта ва дар Қазоқистон дафн шуданд. Расонаҳо навиштанд, ки ангезаи ба ҷанг рафтани қазоқистониҳо "ҳавасмандсозии молӣ ва боварҳои идеологӣ будааст".

Як ҳафта баъд аз шурӯи ҳамлаи густардаи Русия ба зидди Украина, дар охири феврали соли 2022, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев Маскав ва Киевро ба гуфтугӯ даъват карда буд. Дертар дар Остона гуфтанд, ки Украина бояд мустақил монад ва тамомияти арзиаш ҳифз шавад. Аз ҳамон оғоз дар Қазоқистон ҳамлаи Русияро "ҷанг" меноманд ва ваъда кардаанд, ки таҳримҳои Ғарбро нисбат ба Русия риоя мекунанд.

Бо ин вуҷуд, Қазоқистон дар раъйдиҳии Созмони Милал, ки ҳамлаи Русияро маҳкум мекард, худдорӣ варзид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG