Сафири Чин дар Тоҷикистон гуфтааст, соли гузашта Пекину Душанбе ба тақрибан 2 миллиарду 600 миллион доллар додугирифт карданд.
Ин омор дар муқоиса ба соли 2021 чиҳил дарсад бештар аст.
Хабаргузории давлатии "Ховар" навишт, Тсзи Шумин дар ин бора рӯзи 11-уми апрел дар нишасте дар Душанбе гузориш дод.
Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энержӣ, савдо, маориф, саноат, кишоварзӣ, масъулони Палатаи савдо ва намояндагони порлумони Тоҷикистон дар онҷо будаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон додугирифтро бо Чин дар соли гузашта як миллиарду дусад миллион доллар шумурд.
Аз ин ҳисоб 368 миллион доллар содирот ва 842 миллион доллар воридот аст.
Бар асоси омори гумруки Чин, ин кишвар ба Тоҷикистон ба 2 миллиарду 217 миллион доллар мол дода, ба 381,7 миллион доллар мол гирифтааст.
Ин рақам фарқи калонеро дар миёни омори Чин ва Тоҷикистон бармало мекунад. Маълум нест, дар ин миён қариб 1,5 миллиард доллар куҷо шуда?
Баҳси фарқи омор дар додугирифти Тоҷикистону Чин солҳо боз давом дорад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сабаби фарқият дар гуногун будани тарзи ҳисоби гумрукӣ аст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, Чин маҳсулоти транзитиро аз қаламрави Тоҷикистон дар омори додугирифт ворид мекунад, вале Душанбе на. Дар ин миён Тоҷикистон чандин ширкатро ҳангоми овардани мол аз супурдани андозу боҷи гумрукӣ озод кардааст ва қисми зиёде аз ин молҳо аз Чин меоянд. Эҳтимол Чин дар омораш онро сабт мекунад ва як сабаби ба вуҷуд омадани фарқият мешавад. Чизе, ки иддае ба он ба шубҳа менигаранд.
Чин яке аз қарздиҳандаҳои асосии Тоҷикистон аст ва чанд кони калонро дар ихтиёр дорад. Баъзе аз мутахассисон аз ношаффоф будани сармоягузориҳои Чин ба Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз давлати Тоҷикистон хостаанд, дар ҳамкорӣ бо Пекин эҳтиёткор бошанд.
Гуфтугӯ