Бонки Ҷаҳонӣ ба Узбекистон тавсия дод, ки синни нафақаро боло барад. Ин нукта дар гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ зикр шудааст.
Бинобар он, тағйироти демографӣ дар Узбекистон ва афзоиши теъдоди афроди куҳансол ба низоми нафақаи он кишвар фишор хоҳад овард.
"Зарбаи асосӣ барои низоми нафақа ислоҳоти андозе буд, ки аз соли 2019 амалӣ мешавад: коҳиши манбаъҳои молӣ боис ба коҳиши даромади Фонди нафақа нашуд. Фонди нафақа моддаҳои даромадеро амсоли пардохти бимаи кормандон ва пардохти корхонаҳо аз даромад аз даст дод," -- омадааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ.
Солҳои 2015-2018 Фонди нафақаи Узбекистон аз ин моддаҳо аз 30 то 33 дарсади даромадҳо ҳосил карда буд.
Гуфтугӯ