Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина 11-уми апрел гуфт, ки нерӯҳои Русия чанд шаҳрро дар вилояти Донетск бомбаборон карданд, вале ҳамлаҳо хунсо шуданд.
Дар ҳамин ҳол, мансабдорони амрикоӣ талош доранд, сарчашмаи нашри асноди махфиро бисанҷанд.
Дар байни ин ҳуҷҷатҳо нақшаҳои амалиёти низомии Украина ҳам интишор шудааст.
Кореяи Ҷанубӣ рӯзи сешанбе изҳор намуд, ки як бахши бузурги асноди махфии нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки таъмини аслиҳаи Кореяи Ҷанубиро ба Украина дар бар мегирад, тақаллубӣ аст.
Гуфтугӯ