Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сорос-Қазоқистон" сармоягузориро ба тарҳҳои маданӣ бас кард


Бунёди "Сорос-Қазоқистон" баъд аз 30 сол самти фаъолияти худро иваз ва сармоягузории лоиҳаҳои маданиро бас кардааст. Бунёд ба унвони "CAPS Unlock" (Central Asian Policy Studies) дар Қазоқистон аз нав сабтином шудааст.

"Дар се-чор соли охир дар ҷаҳон бисёре аз чизҳо тағйир ёфтанд ва метавонем бигӯем, ки фонди мо низ ба ин тағйирот мутобиқ мешавад", - гуфт Аида Айдарқулова, раҳбари пешини бунёд ва мудири иҷроияи "CAPS Unlock" 4-уми апрел дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Алмато.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин ба баъд модели идоракунӣ, тақсими маблағ, стратегияи кори бунёд тағйир хоҳад ёфт.

"Масъулияти мо акнун аз ташкили ҷомеаи боз ва дастгирии ҷомеаи коршиносӣ иборат хоҳад буд," -- афзудааст Айдарқулова.

Бунёди "Сорос-Қазоқистон" аз соли 1995 тарҳҳои гуногунро маблағгузорӣ мекард, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, дастгирӣ ва рушди усули волоияти қонун, баланд бардоштани шаффофияти буҷети давлатӣ, ҳисоботдиҳии ҳукумат ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG