Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар мусоҳиба бо расонаҳои кишвараш интихоботи вакили порлумонро аз як ҳавзаи шаҳри Бишкек шарҳ дод.
Дар посух ба суол дар бораи овозаҳое, ки гуё президент бо баъзе аз номзадҳо мулоқот кардааст, Ҷабборов гуфт, "бояд усулҳоеро фаромӯш кард, ки дар гузашта таҷриба мешуданд".
"Бале, дар гузашта чунин буд: то замоне ки дуои президентро намегирифтанд, ба интихобот шомил намешуданд. Акнун ҳар интихоботе, ки баргузор шавад, президент ва намояндагони дигари мақомот дар ҷараёни интихобот дахолат нахоҳанд кард. Дар ҷараёни интихоботи калонтар дахолат накардам. Ва акнун дар интихоботи як ҳавза дахолат мекунам? Ҳар касе пирӯз шавад, бигзор вакил гардад. Бояд аз гузашта дарс гирем. Ба далели он ки интихоботҳо ношаффоф баргузор шуданд, мо се табаддулот доштем. Аз ин ба баъд мо ба ин кор роҳ намедиҳем ва баҳонае ҳам боқӣ намегузорем", - гуфт Ҷабборов.
Рӯзи 29-уми март Содир Ҷабборов фармонро дар бораи интихоботи пеш аз муҳлат дар ҳавзаи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек имзо кард. Ин интихобот рӯзи 28-уми май баргузор мешавад. Салоҳиятҳои вакили порлумон аз ин ҳавза Жанибек Абиров қатъ шуданд.
То ин замон се даъвогари курсии холишудаи порлумон барои ширкат дар интихобот ба Кумисюни марказии интихоботӣ ариза додаанд.
Интихоботҳо дар Қирғизистон дар бештари маврид аз сӯи сиёсатмадорони мухолиф эътироф намешаванд. Интихоботи ахири порлумонӣ ҳам истисно набуд.
Баъзе аз номзадҳо гуфтанд, ки мақомот аз номзадҳо ва ҳизбҳои мушаххас ҳимоят карданд. Натиҷаҳои интихоботи порлумонии тирамоҳи соли 2020 боиси бетартибиҳои оммавӣ ва тағйири қудрат дар он кишвар шуд.
Гуфтугӯ