Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд ба намоиши "Бомбаборони Бухоро" иҷозат надоданд


Вячеслав Охунов
Вячеслав Охунов

Намоиши тасвири Вячеслав Охунов, рассоми маъруфи узбек, ба номи "Вақте Бухороро бомбаборон карданд" дар Осорхонаи давлатии санъати Узбекистон бо сабабҳои номаълум баргузор нашуд.

Ин расмро 25-уми март аз маҷмуаи шахсие аз Амрико ба шаҳри Тошканд оварда буданд.

Вячеслав Охунов гуфт, мудири Осорхонаи давлатии санъати Узбекистон Василя Файзиева иҷозат надодааст, ки расми ӯ намоиш дода шавад.

"Фикр мекунам, барои он намоиш надоданд, ки русҳоро аз ҳад зиёд хашмгин накунанд. Зеро русҳо Бухоро, "Бухорои Шариф"-и муқаддасро, ки яке аз сутунҳои ҷаҳони Ислом ба шумор меравад, бомбаборон карданд", - гуфт Охунов.

Расми "Вақте Бухоро бомбаборон карданд" ахиран дар яке аз маҷмуаҳои шахсӣ дар Амрико пайдо шуд ва ҳафтаи гузашта онро ба Узбекистон оварданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG