Дар пайи борони пуршиддат дар чанд минтақаи вилояти Суғд сел омадааст. Мақомот гуфтанд, ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, вале боис ба зарар дидани роҳҳо, нақлиёти сокинон ва боғи зардолу шуд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 17 ва 23-и дуюми апрел дар чанд маҳаллаи шаҳри Хуҷанд сел омад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин ҳодиса роҳ ва чанд таҳхона зери лойоба монд.
“Ду мошини борбари «Газел» бар асари омадани сел дар маҳаллаи 3-и шаҳри Хуҷанд дар дохили лойоба монда буданд, аз ҷониби маъмурони наҷот бароварда шуданд. Ҳамчунин як қисми роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд мегузарад, аз лойоба тоза шуд,” -- афзуд манбаъ.
Сухангӯи Кумита гуфт, дар натиҷаи омадани сел ду километр роҳ дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, таҳхонаи як манзил, ду оғилхона ва як боғ зарар дидааст.
"Дар ҷамоатҳои Деҳмой ва Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам омадани сел сабт шуд," – гуфт Умеда Юсуфӣ. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд дар канори ҳам ҷойгир шудаанд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, шоми дувуми апрел аз ҳудуди Қирғизистон селоба бо сангу шағал ба ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара омада, “тахминан 200 метр роҳро фаро гирифтааст.”
Мақомот мегӯянд, кумсиюн зарари расидаро ҳисоб дорад. Тибқи пешбинии мутахассисон, боронҳои шадид то рӯзи 5-уми апрел давом мекунад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз мардум хостааст, селроҳаро тоза карда, барои ҷамъоварии зироат ва чаронидани чорво ба доманакӯҳҳо нараванд.
Ҳамасола дар айёми баҳор Тоҷикистон шоҳиди омадани сел мешавад. Рӯзи 31-уми март як кӯдаки 7-сола дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон зери сел монда, ба ҳалокат расид.
Ҳар дафъа бар асари омадани селу фаромадани тарма дар Тоҷикистон хонаву роҳҳо зарар мебинанд. Мардум ҳамвора мақомотро барои омода набудан барои рафъи офати табиӣ ва пайомадҳои он танқид мекунанд.
Гуфтугӯ