Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав 21 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти шаҳри Маскав 21 муҳоҷири тоҷикро барои нақзи қоидаҳои будубош дастгир карда, бархеро ҷарима бастанд ва бархеро барои ихроҷ ба Тоҷикистон ба маркази “Сахарово” фиристоданд.

Мурофиаи додгоҳии муҳоҷирон рӯзи 30-юми март гузашт.

Амирхон, яке аз муҳоҷирон, ки бо қарори додгоҳ бо ҷарима озод шудааст, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сохтмон кор мекарданд ва ҳангоми як тафтиши пулис боздошт шуданд.

Ӯ гуфт, нисфе аз ҳамроҳонашон ҷойи хобашонро иваз карда буданд, вале ҳанӯз фурсати сабти ном дар ҷои навро пайдо накарда буданд.

Мақомоти Русия инро “сабти қалбакии ҷои зист” номида, барои он муҳоҷиронро ҷарима ё ихроҷ мекунанд.

Дар сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки муҳоҷирон дар ин бора ба онҳо муроҷиат накардаанд.

Амирхон, муҳоҷире, ки ҷарима шудааст, гуфт, 12 ҳамроҳашро дар маркази “Сахарово” дар утоқҳои тангу сард ҷой кардаанд ва онҳо мунтазири ихроҷ ба Тоҷикистон ҳастанд.

Солона ҳазорон муҳоҷири тоҷик аз Русия ба ватан ихроҷ мешаванд. Онҳо то замони интиқол ба Тоҷикистон ҳафтаҳо дар марказҳои муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Шароити онҳо на ҳамеша хуб аст.

Русия макон садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст. Муҳоҷирон пайваста аз нақзи ҳуқуқашон ба кору зиндагӣ дар Русия шикоят мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG