Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сафари туркманҳо ба хориҷа ҳар рӯз душвортар мешавад"


Дар Туркманистон сафари шаҳрвандон ба хориҷ бо гузашти ҳар рӯз душвортар мешавад. Ин вазъият бозори миёнаравҳоро барои дарёфти виза ва билети ҳавопаймо гарм кардааст. Барои ин хадамот онҳо бештар аз 1000 доллар талаб мекунанд.

"Ин афрод ба касоне мадад мерасонанд, ки нияти ба Қазони Русия ва Дубай рафтанро доранд. Агар ба дасти онҳо шиносномаи хориҷӣ ва 1200 доллар диҳед, давоми 10 рӯз онҳо визаву билетро ба хонаатон меоранд," -- гуфт як манбаъ аз Туркманистон.

"Онҳое, ки аз хидмати миёнаравҳо истифода намекунанд, ба мушкилиҳои зиёде дар дарёфт кардани виза ва билет гирифтор мешаванд ва моҳҳо наметавонанд мушкилашонро ҳал кунанд," -- гуфт манбаъ.

Мушкили дарёфти визаву билет дар ҳолест, ки теъдоди сокинони минтақаҳои шарқии Туркманистон барои сафар ба хориҷ ва асосан муҳоҷирати корӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамаи онҳо ба монеаи дарёфти визаву билет рӯ ба рӯ ҳастанд.

Муҳоҷирони кори Туркманистон асосан шаҳри Қазони Русия, Истанбули Туркия ва Дубайро интихоб мекунанд.

Ибтидои ҳафтаи ҷорӣ расонаҳои Туркманистон навиштанд, ки онҳое ба Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, бояд кафолатнома диҳанд, ки аз Қазоқистон пас мегарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG