Сокинони Туркманистон мегӯянд, имсол теъдоди рӯзадорон ва намозхонҳо дар он кишвар афзудааст.
Дар ҳоле ки шумори рӯзадорон афзудааст, сокинон ҳамчунин аз гаронии бозор шикоят доранд.
Баъзе аз сокинон мегӯянд, тамоюли афзоиши рӯзадорон ва намозхонон дар моҳи Рамазон аз чанд сол пеш шуруъ шудааст. То ҷое ки дар ифтори одамони сарватманд сокинони зиёде иштирок мекунанд.
"Бархе аз масҷидҳо имкон надоранд, ки ҳамаи намозхононро ҷо кунанд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.
Ҳукумати Туркманистонро барои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои динии сокинон танқид мекунанд.
Гуфтугӯ