Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд


Рӯзи 26-уми март дар Туркманистон интихоботи вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Туркманистон, то соати 19:00-и рӯзи якшанбе 91,12 дарсади афроди қобили раъй, ки 3,5 миллион касро ташкил медиҳанд, дар интихобот иштирок карданд.

Хабарнигорон аз шаҳру ноҳияҳои Туркманистон иттилоъ доданд, ки шумори раъйдиҳандагон дар нуқтаҳои овоздиҳӣ хеле кам буд. Ҳамчунин баъзе аз раъйдиҳандагон бо иҷозати масъулон аз номи чанд кас овоз додаанд.

Дар таърихи 30-соли истиқлоли Туркманистон ягон бор интихоботи ин кишвар "озод ва одилона" эътироф нашудааст.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Туркманистон афзуда, ки дар интихоботи порлумонӣ 2156 номзад ва дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ 12098 номзад сабтином карда шудааст.

Интихоботи порлумонии Туркманистонро намояндагони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилу Маъмурияти Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG