Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сардори Оҷонси муҳоҷират дар Узбекистон


Муҳоҷирони узбек. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони узбек. Акс аз бойгонӣ.

Оҷонси муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон гуфт, раҳбари ин ниҳод Афзал Ирматов дар доираи парвандаи ҷиноие, ки зиддаш боз гашта буд, дастгир шудааст. Хабаргузории "Kun.uz" бо истинод ба оҷонс иттилоъ дод, ки Ирматов 25 март ба маҳалли кораш ҳозир нашудааст.

Расонаҳои маҳаллӣ ҳанӯз дар оғози моҳи январи имсол хабар дода буданд, ки Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон зидди мансабдорони оҷонси мазкур бо банди "Сӯистифода аз мақом" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ҳамасола ҳазорон шаҳрванди Узбекистон барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ мераванд. Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ин раванд, ки аз ҷониби Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистон назорат мешавад, хеле фасодзада аст.

Ин бори нахуст нест, ки сардори Оҷонси муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон боздошт мешавад. Чаҳор сол пеш низ сардори вақти оҷонс бо ҷурми ришвахорӣ зиндонӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG