Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд, ба консулгарии Афғонистон дар Хоруғ рафтанд


Вазорати корҳои хориҷии Толибон хабар дод, ки як ҳайат ба дидани консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон, рафт.

Бар асоси эъломияи Толибон аз 25-уми март, ҳайатро Ҳоҷимуҳаммад Мусо Амирӣ, раиси молӣ ва идории ин гуруҳ, раҳбарӣ кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора шарҳ надодаанд. Кӯшиши мо барои гирифтани тасдиқи хабар аз манобеи расмӣ дар кишвар то ин дам бенатиҷа буд.

Маълум нест, намояндагони Толибон чӣ гуна ва аз чӣ тариқ ба Хоруғ расидаанд.

"Ин ҳайат зимни арзёбии умури консулгарӣ, таъмири онро низ аз наздик дид ва арзёбии хешро ҷиҳати бозсозии он бо мақомҳои Вазорати умури хориҷӣ шарик намуд. Таъмири консулгарии Афғонистон дар Хоруғ дар натиҷаи барфкӯчи охир осеб дидааст," – навиштаанд дар эъломияи Толибон.

Бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ рӯзи 15-уми феврал 39 хона, консулгарии Афғонистон ва шуморе аз сокинон зери барф монданд.

Намояндагони ин гуруҳ, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон тундрав эътироф шудааст, моҳи августи соли 2021 вориди Кобул шуда, қудратро ба даст гирифтанд.

Бо гузашти беш аз якуним сол, ҳеч кишвар ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст, аммо тайи моҳҳои охир баъзе аз давлатҳо ихтиёри сафорати Афғонистонро ба намояндагони онҳо доданд.

Тоҷикистон бо ҳокимони нави Кобул робитаи дипломатӣ надорад. Мақомот, аз ҷумла, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, борҳо аз сиёсатҳои гуруҳи Толибон, аз ҷумла дар мавриди ташкили ҳукумат ошкоро танқид кардаанд. Толибон дар навбати худ ба Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии Афғонистон мудохила накунад.

Дар айни замон Душанбе бо намояндагони Толибон дар мавриди интиқоли барқ ба Афғонистон қарордод имзо кардааст.

Президент Раҳмон дар мулоқот бо дабири кулли Созмони Милал рӯзи 21-уми март гуфт, Тоҷикистон аз интиқоли ёриҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон низ ҷонибдорӣ мекунад ва "ба ин мақсад тамоми имконоти логистикии худро вогузор намудааст".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG