Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 сол зиндон барои зане, ки истеъфои Хоманаиро хост


Фотима Сипеҳрӣ
Фотима Сипеҳрӣ

Мақомоти қазоии Эрон ҳукми Фотима Сипеҳрӣ, мунтақиди сарсахти раҳбари Ҷумҳурии Исломиро тасдиқ карданд.

Пештар Додгоҳи инқилоби исломӣ ӯро аз ҷумла ба далели даъват ба истеъфои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба 18 сол зиндон маҳкум кард.

Бародараш Асғар Сипеҳрӣ моҳи феврал дар Твиттер навишт, ӯро барои

  • таблиғот алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ (10 сол);
  • ҳамкорӣ бо давлатҳои душман (5 сол);
  • барои таҳқири Оятуллоҳ Хумайнӣ ва Алии Хоманаӣ (2 сол);
  • гирдиҳамоӣ ва тавтеа алайҳи амнияти миллӣ (1 сол) гунаҳкор донистанд.

Досалӣ Маккӣ, вакили мудофеи Фотима Сипеҳрӣ, рӯзи 23-юми март гуфт, додгоҳ ҳукмро тасдиқ кард ва он иҷро хоҳад шуд.

Маккӣ афзуд, додгоҳ намояндагии ӯро аз Сипеҳрӣ напазируфт ва ба ин васила онҳоро аз шикоят ба зидди ҳукм боздошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG