Масъулони идораи гумруки Сербистон гуфтанд, 9 муҳоҷири ғайриқонуниро дар мошини борбаре ёфтанд.
Ин мошин аз Юнон ба сӯйи Полша ё Лаҳистон ҳаракат мекард.
Дар баёнияи расмӣ гуфта шудааст, ки муҳоҷирон аз Афғонистон, Покистон ва Сурия ҳастанд.
Маъмурони гумрук онҳоро рӯзи 23-юми март ҳангоми тафтиш дар сарҳади Мақдунияи Шимолӣ пайдо кардаанд.
Гуфтугӯ