Вазорати корҳои дохилии Русия номи сиёсатшинос Аббас Галлямов (Аббос Ғуломов)-ро ба рӯйхати шахсони таҳти пайгард дохил кард.
Ӯ бо таҳлилҳояш дар бораи таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар Русия, таҷовузи Кремл ба хоки Украина ва мусоҳибаҳои ихтисосӣ бо чанд расонаи хабарӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ, маъруф аст.
Як муддат матни суханрониҳои Владимир Путинро менавишт.
Хабарнигорони Mediazona рӯзи 24-уми март гуфтанд, эълони расмиро дар бораи таҳти пайгард будани Аббас Галлямов (Аббос Ғуломов)-ро дар сомонаи расмии ВКД ёфтанд.
Ин эълон зоҳиран як рӯз пас аз нашри мусоҳибаи калони Радиои Озодӣ бо Аббас Галлямов (Аббос Ғуломов) пайдо шуд.
Аббас Галлямов (Аббос Ғуломов) ҳоло дар Исроил аст. Вай дар Телеграм гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ба иттиҳоми бадном кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷустуҷӯ мешавад.
Ӯ ҳамчун таҳлилгари мустақил аксар вақт назарашро дар YouTube, Facebook ва шабакаҳои дигар низ баён мекард.
Дар мусоҳибаи ахири худ бо бахши гурҷии Радиои Озодӣ тахмин зад, ки идомаи таҷовузи беасос ба Украина метавонад сабаби инқилоб дар Русия гардад.
Гуфтугӯ