Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли 5 кас дар Эрон барои ҳамкорӣ ба нафъи Исроил


Акс аз бойгонб
Акс аз бойгонб

Чаҳор марду як занро дар Эрон ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва ҷосусӣ ба фоидаи Исроил ба қатл маҳкум карда, панҷ каси дигарро ба муддатҳои дароз ба зиндон андохтаанд.

Созмоне дар Норвегия, ки нақзи ҳуқуқи одамонро дар минтақаҳои курднишини Эрон назорат мекунад, гуфт, яке аз маҳкумшудаҳо ба қатл Мансур Расулӣ аст.

Чеҳрае, ки соли гузашта бозпурсии ӯ аз сӯи маъмурони "Моссад", идораи истихбороти Исроил, хабарсоз шуда буд.

Он вақт расонаҳои исроилӣ навиштанд, ки маъмурони "Моссад" як узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар дохили Эрон дастгир ва бозпурсӣ карданд.

Дертар наворе нашр шуд. Дар он шахсе ба номи Мансур Расулӣ эътироф кард, ки мехост як дипломати исроилиро дар Истанбул, як генерали амрикоиро дар Олмон ва як рӯзноманигорро дар Фаронса бикушад.

Хабаргузории "Меҳр"-и Эрон моҳи ноябри соли гузашта гузориш дод, ки Теҳрон чаҳор нафарро ба гумони ҳамкорӣ ба нафъи Исроил ба эъдом маҳкум кард.

Танишҳо миёни Эрону Исроил тайи чанд соли охир афзудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG