Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як оилаи русзабон дар Ишқобод


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон рӯзи 15-уми март се узви як хонаводаро куштаанд. Бо гумони даст доштан дар ҳодиса ду мард боздошт шуд.

Ба иттилои хабарнигорон, ин хонавода русзабон будааст. Оилаи мазкурро, ки аз зану шавҳар ва кӯдаки 11-сола иборат буд, дар манзили шахсиашон куштаанд.

Гумонбарон мардони соли таваллудашон 1996 ва 1998 будаанд.

Ҳамсояҳои кушташудаҳо гуфтанд, дар шаби ҳодиса сару садоҳоро шунида, аммо пулисро даъват накардаанд.

Расонаҳо менависанд, чанде пеш аз сурат гирифтани ин ҳодиса, ду гумонбар дар манзили кушташудаҳо таъмир анҷом дода буданд.

Гумонбарон аз манзили кушташудаҳо телефон ва дигар ашёи гаронбаҳоро ғорат кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG