Вазорати корҳои хориҷии Амрико 20-уми март гузориши солонаи худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Узбекистон нашр кард.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки раъйдиҳандагони Узбекистон ба интихоби алтернативии воқеии сиёсӣ дастрасӣ надоштанд, зеро номзадҳои мухолиф натавонистанд худро сабтином ё пешбарӣ кунанд.
Ҳамчунин зикр шуда, ки нерӯҳои қудратии Узбекистон эътирозҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистонро дар оғози моҳи июли соли 2022 саркӯб карданд. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, фаъолону рӯзноманигорон дар ҷараёни ин ҳодисаҳо боздошт ва бидуни иртибот бо олами берунӣ нигаҳ дошта шуданд.
"Мансабдорони давлатӣ сарфи назар аз кӯшиши баъзе аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таҳқиқи нақзи ҳуқуқи инсон ва фасодкорӣ нисбат ба мақомҳои расмӣ беҷазо монданд", - омадааст дар гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико.
Гуфтугӯ