Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА маълумотро дар бораи сарчашмаи COVID фош мекунад


Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико

Президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 20-уми март қонунеро имзо кард, ки аз ниҳодҳои иктишофии ин кишвар талаб мекунад, то маълумотро дар бораи пайдоиши коронавирус ё COVID-19, аз ҷумла иртиботи эҳтимолии он бо озмоишгоҳи шаҳри Вуҳани Чинро ҳарчи бештар ошкор кунанд.

"Мо бояд пайдоиши COVID-19, аз ҷумла иртиботи эҳтимолии онро бо озмоишгоҳи Вуҳан дарк кунем", - гуфт Байден.

"Ман ҳадафи Конгресс - нашри маълумоти бештар дар бораи пайдоиши COVID-19-ро дастгирӣ мекунам", - изҳор дошт президенти ИМА. Аммо Байден афзуд, ки ҳамаи маълумот ифшо нахоҳад шуд, зеро ба гуфтаи вай, он метавонад ба амнияти миллии Амрико осеб расонад.

Мудири Идораи таҳқиқоти федеролии Амрико (FBI) рӯзи 28-уми феврал гуфт, таҳқиқоти ин ниҳод нишон медиҳад, ки ба эҳтимоли бисёр ҳам зиёд вируси COVID-19 як озмоишгоҳ дар шаҳри Вуҳани Чин ба берун баромадааст.

Пекин фарзияи хуруҷи коронавирусро аз шаҳри Вуҳан қотеона рад мекунад. Ҷонибдорони фарзия назари худро ба он асоснок мекунад, ки дар Вуҳан яке аз бузургтарин марказҳои пажуҳишии коронавирусҳо мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар он шаҳр вируси "SARS", ки ба коронавируси нав - COVID-19 наздик аст, омухта мешавад.

Коронавируси нав бори аввал дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуда буд. Бар асари ин беморӣ то кунун дар ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG